Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • мувофиқати рӯзи кории нопурра ва ҳафтаи кории нопурра - кам кардани давомнокии кори ҳаррӯза (баст) ба миқдори муайяни соатҳои корӣ ҳангоми дар як вақт кам кардани рӯзҳои кории ҳафта.

Кор дар шароити вақти нопурраи корӣ барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад (моддаи 71 КМ ҶТ).

Кор дар шароити нопурраи вақти корӣ ба мазмуни шартномаи меҳнатии корманд ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дохил карда мешавад ва дар фармоиш оид ба қабул ба кор инъикос меёбад, аммо дар дафтарчаи меҳнатӣ нишон дода намешавад.

Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи корӣ давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти корӣ камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошанд.

10.3. Вақти корӣ дар корҳои берун аз меъёрҳои муқарраршудаи вақти корӣ

Вақти кории муътадил (ҳафтаи кории 40-соата) набояд аз ҳадди муқарраршуда зиёд бошад. Аммо, КМ ҶТ ва дигар қонунҳо метавонанд барои ин қоида истисно муқаррар кунанд, агар корманд бо ташаббуси корфармо тавонад корҳоро берун аз вақти муътадили корӣ иҷро кунад. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду чунин ҳолатро пешбинӣ мекунад: изофакорӣ (моддаи 79) ва кори ба меъёр гирифтанашуда (моддаи 99).

пешина
аз 496
навбатӣ