Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
10.2.Намудҳои вақти корӣ
Вақти корӣ вобаста аз давомнокиаш одатан ба се намуд ҷудо карда мешавад: вақти кории муътадил, вақти кории кӯтоҳ ва вақти кории нопурра.
Ин се намуд вақти кории стандартӣ (меъёрӣ) буда, давомнокии онҳо аз меъёрҳои ҳадди ниҳоии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ зиёд нест. Зарур аст то ҳар як намуди онро дида бароем.
Намуди асосии вақти корӣ вақти муътадили корӣ мебошад.
Давомнокии вақти кории муътадил тибқи моддаи 67 КМ ҶТ дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад, ки он ба стандартҳои байналмилалии тибқи муқаррароти Конвенсияи ТБМ № 47 "Дар бораи то 40 соат дар як ҳафта кам кардани вақти корӣ" (1935) ва Тавсияи ТБМ № 116 "Дар бораи кам кардани давомнокии вақти корӣ" асос ёфта, мувофиқат мекунад. Ин меъёри давомнокии ниҳоии вақти корӣ барои кормандони ҳама ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, инчунин новобаста аз намуди шартномаи меҳнатии басташуда (масалан, шартномаи меҳнатии мӯҳлатнок, кори мавсимӣ) ва давомнокии ҳафтаи кории (панҷ ё шаш рӯз) аз ҷониби корфармо қабулшуда, мебошад.
Истисно барои он кормандоне пешбинӣ шудааст, ки барои ҳифзи меҳнати онҳо КМ ҶТ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ давомнокии вақти кории камкардашударо муқаррар кардаанд (моддаи 68 КМ ҶТ). Ба чунин кормандон мансубанд:
- кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо