Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-танаффӯсҳо ба заноне, ки кӯдаки то якунимсола
доранд (моддаи 218 КМ ҶТ);
- танаффӯсҳо барои истироҳат ва хӯрок ба кормандон
дар корҳое, ки истифодаи танаффӯс дар онҳо ба
салоҳдиди кормандон имкон надорад (қисми 3 моддаи 85
КМ ҶТ);
-танаффӯсҳо ба кормандон ҳангоми бекористие, ки ба он кормандон гунаҳкор нестанд (моддаи 33 КМ ҶТ) ва ғайра.
Қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки чун қоида муносибатҳои меҳнатиро бо баъзе категорияҳои кормандон ба танзим медароранд, метавонанд давраҳои дигареро низ пешбинӣ намоянд, ки ба вақти корӣ дохил карда мешаванд.
Чун қоида, ба вақти корӣ давраи кори асосӣ ва давраи омодагӣ (омода кардани ҷои кор, қабули фармоиш, қабул ва омода кардани мавод, асбобҳо, шиносӣ бо ҳуҷҷатҳои техникӣ, омодасозӣ ва тоза кардани ҷои кор, таҳвили маҳсулоти тайёр ва ғ.), ки технологияи ташкили меҳнат пешбинӣ намудааст, дохил мешаванд. Вақте, ки дар роҳ, даромадгоҳ то ҷои кор, иваз кардани либос ва шустушӯи пеш аз оғоз ва баъд аз ба охир расидани рӯзи корӣ, танаффӯси хӯроки нисфирӯзӣ, бекорӣ бо айби корманд, дар кор ҳузур надоштан бе сабаби узронок, дермонӣ ва ҳангоми барвақт аз кор рафтан сарф мешавад, ба вақти корӣ дохил карда намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ