Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
КМ ҶТ ба вақти корӣ инчунин, корҳои тайёрӣ - хотимавӣ (гирифтани супориши вазифавӣ (мансабӣ), мавод, асбобу анҷом, шиносоӣ бо техника, ҳуҷҷатҳо, омодагӣ ва рӯбучин кардани ҷойи корӣ, супоридани маҳсулоти тайёр ва дигар ҳолатҳо), танаффусҳо, тибқи технологияи ташкили меҳнат пешбинигардида, қоидаҳои меъёрбандӣ ва ҳифзи меҳнат, вақти ҳозир будан ё интизори кор шудан, дар ҷойи кор вақти холигии худро озодона истифода накардани корманд, навбатдорӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ ва истироҳат ва дигар давраҳое, ки шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дохил менамояд (қисми 2 моддаи 66).
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки вақти корӣ аз ду давра иборат аст:
-давраи аввал - вақте, ки дар давоми он корманд уҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро мекунад.
-давраи дуюм - вақте, ки дар давоми он корманд дар амал уҳдадориҳои худро иҷро намекунад, аммо мутобиқи қонунгузорӣ он ҳамчун вақти корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба чунин давраҳо, мисол дохил мешаванд:
- танаффусҳои махсус бинобар сабабҳои техникӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат (танаффус барои гармидиҳӣ ва истироҳати кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пӯшидаи гармнашаванда кор мекунанд, кормандоне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд) (моддаи 84 КМ ҶТ);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ