Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қабул карда шуд. Аммо, Қонуни мазкур изофакориро ба ҳеҷ ваҷҳ маҳдуд намекард, ки ин омил дар амалия боиси аксар вақт истисно шудани маҳдудияти муқарраршудаи рӯзи корӣ мегардид12.

Қонунгузории муосири меҳнат дар танзими вақти корӣ аз муқаррароти Конвенсияи ТБМ, № 47 "Дар бораи то 40 соат дар як ҳафта кам кардани вақти корӣ" (1935), № 171 "Дар бораи кори шабона" (1990), Тавсияи ТБМ №116 "Дар бораи кам кардани давомнокии вақти корӣ" (1962) сарчашма мегирад.

Танзими қонунии вақти корӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Тибқи моддаи 37 Конститутсия "шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст». Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ боби 10 КМ ҶТ ба танзими вақти корӣ бахшида шудааст.

Мувофиқи моддаи 1 КМ ҶТ вақти корӣ вақтест, ки дар давоми он корманд тибқи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, реҷаи корӣ ва ё шартҳои шартномаи меҳнатӣ уҳдадориҳои меҳнатии худро бояд иҷро намояд.

12https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A4%D0%B0%D0%B1%D1%80%D0%B8%D1%87%D0%BD%D0%BE-%D0%B7%D0%B0%D0%B2%D0%BE%D0%B4%D1%81%D0%BA%D0%BE%D0%B5_%D0%B2%D1%80%D0%B5%D0%BC%D1%8F_%D0%B2_%D0%A0%D0%BE%D1%81%D1%81%D0%B8%D0%B8_%D0%B8_%D0%A1%D0%A1%D0%A1%D0%A0_%D0%B2_%D0%BB%D0%B8%D1%82%D0%B5%D1%80%D0%B0%D1%82%D1%83%D1%80%D0%B5_%D0%B4%D0%BE_%D0%BA%D0%BE%D0%BD%D1%86%D0%B0_XIX_%D0%B2%D0%B5%D0%BA%D0%B0

пешина
аз 496
навбатӣ