Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

1 январи соли 1999 надастовардашудаи шахси суғурташуда гузаронида шудааст, инчунин давраҳои фаъолияти меҳнатии пас аз 1 январи соли 1999, ки барои онҳо дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ саҳмҳои суғуртавӣ пардохт карда шудаанд, дохил карда мешаванд. Собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки мувофиқи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муҷиби конвертатсиякунонӣ (бадалкунӣ) ба сармояи шартии нафақавӣ мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015, №551 тасдиқ шудаанд, ҳисоб карда мешавад.

Собиқаи кории мансуб ба давраи то 1 январи соли 1999, ба собиқаи суғуртавӣ ба шарте дохил карда мешавад, ки агар он ҳангоми гузаронидани конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ, ки дар давраи то 1 январи соли 1999 ба даст оварда шудаанд, ба ҳисоб гирифта шуда бошад. Собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки барои он дар натиҷаи бо пул арзёбӣ гардиданаш сармояи шартии нафақавӣ гузаронида шудааст, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ, ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад.

Ба собиқаи суғуртавӣ, давраи фаъолияти меҳнатӣ аз 1
январи соли 1999 то 31 декабри соли 2012, ки дар
дафтарчай меҳнатии шахси суғурташуда сабт нашудаанд,
вале барои ин давраҳо аз музди меҳнат ё даромади ӯ

пешина
аз 496
навбатӣ