Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

содир намудани дигар кирдорҳои гунаҳгоронае, ки қонунгузорӣ аз кор озод кардани онро пешбинӣ намудааст.

Дар ҳама ҳолатҳое, ки ҷои истиқомат ҳангоми гузариш ба кори дигар иваз карда мешавад, танаффуси имконпазир дар кор мутаносибан ба вақти кӯчидан ба ҷои нави истиқомат дароз карда мешавад.

Дар ҳама ҳолат, давомнокии собиқаи бетанаффуси кории кормандон ва хизматчиён аз ҷониби маъмурияти корхона, муассиса, ташкилот мутобиқи сабтҳои дафтарчаи меҳнатӣ ё дар асоси дигар ҳуҷҷатҳои ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда, муқаррар карда мешавад.

Тартиби тасдиқ ва ҳисоби собиқаи суғуртавӣ. Тавре ки дар боло зикр кардем, мафҳуми собиқаи суғуртавӣ барои ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ истилоҳи нав аст. Ҳангоми ҳисоби собиқаи суғуртавӣ давомнокии маҷмӯи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Айни замон бо гузариш ба низоми нафақаҳои суғуртавӣ собиқаи суғуртавӣ аҳамияти махсус пайдо намуда, андозаи нафақаҳои суғуртавӣ аз давомнокӣ ва ҳаҷми он вобастагии сахт дорад. Бо Фармоиши Директори Агенттии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «5» феврали соли 2016, №11, тартиби ҳисоб ва муайян намудани собиқаи суғуртавӣ барои таъйини нафақаҳои суғуртавӣ муайян шудааст.

Тибқи ин санад ба собиқаи суғуртавие, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ медиҳад, давраҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки дар асоси онҳо конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии то

пешина
аз 496
навбатӣ