Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
вазнин, зарарноку вазнин, ки кор дар онҳо ба нафақаҳои имтиёзнок аз рӯи синну сол ҳуқуқ медиҳад, давомнокии собиқаи кории махсус дар чунин корҳо мушаххас муайян шудааст.
Тартиби ҳисоби собиқаи бетанаффуси корӣ. Айни замон дар қонунгузории амалкунанда ду ҳолати ҳисоби собиқаи кории бетанаффус пешбинӣ шудааст: барои таъйину пардохти кӯмакпулии суғуртаи иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ ва инчунин, барои таъминоти иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ.
Масалан, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ», кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи ҳаштсола ва беш аз он доранд, ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20 сола) доранд, ба андозаи 70 фоизи музди меҳнат ва ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд, ба андозаи 60 фоизи музди меҳнат пардохт карда мешавад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" аз 1 марти соли 2005, № 90, вақти хизмати ҳарбӣ ба собиқаи бетанаффуси кор ба ҳисоб гирифта мешавад, агар фосилаи байни рӯзи рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ва рӯзи қабул ба кор (дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ) аз як сол зиёд набошад. Барои собиқадорони амалиёти ҷангӣ, ки уҳдадориҳои хизмати ҳарбиро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро кардаанд ва шаҳрвандоне, ки муҳлати умумии хизмати ҳарбиашон бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё