Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тоҷикистон намудҳои зерини собиқаи корӣ пешбинӣ шудааст:

а) собиқаи умумии корӣ;

б) собиқаи махсуси корӣ;

в) собиқаи кории бетанаффӯс;

г) собиқаи суғуртавӣ.

Ба собиқаи умумии корӣ давомнокии умумии ҳама намудҳои фаъолияти меҳнатӣ (новобаста аз миқдор, давомнокӣ ва танаффӯс), фаъолияти муфиди ҷамъиятӣ, инчунин, дигар давраҳое, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, дохил мешавад.

Дар қонунгузории соҳаи меҳнат номгӯи дақиқи намудҳои фаъолияте, ки метавонанд, ба собиқаи умумии корӣ дохил шаванд, муайян нашудааст. Вале, барои ҳолатҳои алоҳида масалан, ҳангоми таъйини нафақаҳо, ҳисоб намудани собиқаи корӣ дар хизмати давлатӣ ва ё дар хизмати ҳарбӣ, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намудҳои фаъолиятҳо муайян шудаанд, ки ҳамчун собиқаи умумӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар маҷмӯъ, фаъолиятҳои зерин ба собиқаи умумии кор дохил мешаванд:

  1. Фаъолият дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо;

  2. Ҳама гуна кор ҳамчун корманд, хизматчӣ (аз ҷумла, кор то барҳам собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар хориҷа), узви колхоз ё дигар корхона (кооператив);

пешина
аз 496
навбатӣ