Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 8. СОБИҚАИ КОРӢ (МЕҲНАТӢ)
8.1. Собиқаи умумии корӣ
Институти собиқаи корӣ дар ҳуқуқи меҳнат ҷойгоҳи маҳсус дорад, зеро ба вуҷуд омадан ва тағйирёбии аксарияти муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи меҳнат ба мавҷудияти собиқаи корӣ ҳамчун далели ҳуқуқӣ, вобастагӣ дорад. Давомнокӣ ва дигар хусусиятҳои собиқаи корӣ ба ҳаҷми ҳуқуқҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ ба таври назаррас таъсир мерасонад.
Зери мафҳуми собиқаи корӣ вақти умумии фаъолияти меҳнатӣ (кор, таҳсил) ва дигар корҳои ҷамъиятии муфиди пардохтшаванда ва ҳам пардохтнашаванда фаҳмида мешавад10.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ ду хусусияти асосии собиқаи корӣ: - хусусияти миқдорӣ (давомнокии фаъолияти меҳнатӣ) ва хусусияти сифатии он (шароити фаъолияти меҳнатӣ) муайян шуда, намудҳои гуногуни онҳо пешкаш карда мешаванд. Азбаски собиқаи корӣ ҳамчун далели ҳуқуқӣ барои ба вуҷуд омадан ва тағйирёбии аксарияти муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи меҳнат асос мегардад, намудҳо ва хусусиятҳои он дар қонунҳо мушаххас муайян гардидаанд. Намудҳои собиқаи корӣ аз низоми меҳнатии ҳар давлат вобаста буда, гуногунанд ва бо мурури замон дар натиҷаи рушди муносибатҳои меҳнатӣ метавонанд, тағйир ёбанд. Айни замон дар қонунгузории Ҷумҳурии
10 Ниг.: Право социального обеспечения: учебник / под ред. К.Н Гусова. — М.: ПБОЮЛ. Грачев С.М., 2001. С. 96.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё