Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бошад, агар он дар қарори дахлдори судӣ пешбинӣ гардида бошад.

  1. Аз тарафи корманд содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ки дар асоси санади судӣ имконияти минбаъд давом додани корро истисно менамоянд. Аз тарафи корманд содир намудани ҳуқуқвайронкунии дорои хусусияти коррупсионӣ, ки дар моддаҳои 24 ва 25 Қонуни ҶТ аз 7 августи соли 2020 № 1714 “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” пешбинӣ шудаанд, асоси бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо корманд мебошад. Дар ин маврид аз ҷониби корманд содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ бояд бо санади судӣ тасдиқ шуда бошад ва он имконияти минбаъд давом додани корро барои корманд истисно намояд.

  2. Аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартой баъд аз ба маълумоти ӯ расонидани қарори суд дар хусуси ғайриқонунӣ эътироф намудани корпартой ва ё манъи корпартой. Қарори ғайриқонунӣ эълон кардани корпартойро судҳо бо дархости корфармо ё прокурор қабул мекунанд. Қарори суд дар бораи ғайриқонунӣ эълон кардани корпартой, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бояд фавран иҷро карда шавад. Кормандон вазифадоранд корпартойро хотима диҳанд ва на дертар аз рӯзи дигар пас аз ба мақомоти роҳбарикунанда расонидани нусхаи қарори зикршудаи суд ба кор шурӯъ кунанд. Бояд дар назар дошт, ки дар сурати таҳдиди фаврӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, суд ҳуқуқ дорад корпартоии оғознашударо мавқуф гузорад.

пешина
аз 496
навбатӣ