Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳриатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

  1. Дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор. Чунин ҳолатҳо бояд танҳо бо санади муоинаи тиббӣ тасдиқ карда шавад. Дар ҳолати мастӣ ба кор ҳозир шудани корманд вайрон намудани интизоми меҳнат мебошад, ки корфармо бо чунин асос бекор намудани шартномаи меҳнатиро бояд бо риояи тартиб ва муҳлати татбиқи муҷозоти интизомӣ амалӣ намояд.

  2. Ба қувваи қонунӣ даромадани қарори мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба дуздии молу мулк ва дигар кирдорҳое, ки давом додани корро истисно менамоянд. Дуздии молу мулк ва дигар кирдорҳое, ки давом додани корро истисно мекунанд, ба шарте асоси бекор кардани кардани шартномаи меҳнатӣ мегардад, доир ба он қарори ба қувваи қонунӣ даромадани мақомоти дахлдори давлатӣ мавҷуд бошад. Чунин асосҳо дар қарорҳои судӣ ҳамчун маҳрум кардани шахс аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ба муҳлати муайян пешбинӣ мешаванд. Зимнан, бояд ба эътибор гирифт, ки маҳрум намудани шахс аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян новобаста аз ҷои содиршавии дуздӣ (дар ҷои кор ва ё дар ҷои дигар) метавонад асоси

пешина
аз 496
навбатӣ