Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
рӯйхати асосҳо ниҳоӣ набуда, дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳо ва низомномаҳо оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки мавҷудияти чунин асосҳои қонунӣ ба корфармо ҳуқуқ медиҳад то шартномаи меҳнатиро бо корманд қатъ кунад, аммо уҳдадор нест, ки ин амалро ҳатман иҷро кунад ва кормандро аз кор озод кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби тарафи сеюм талаб карда мешавад (қарори суд ва дигар мақомот). Аммо, корфармо ӯҳдадор аст, ки тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатиро, ки КМ ҶТ муқаррар намудааст риоя кунад. Мисол, мувофиқа бо иттифоқи касабаи кормандон (моддаи 44 КМ ҶТ) ва пешакӣ огоҳонидани корманд дар ин бора (моддаи 45 КМ ҶТ). Дар сурати риоя накардани тартиби муқарраршуда, новобаста аз мавҷудияти асосҳои бекор намудани шартномаи меҳнатӣ ин амали корфармо ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.
Агар шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармо бе асосҳои қонунӣ ва бидуни риояи тартиби муқарраргардида бекор карда шавад, аз кор озод кардани корманд ғайриқонунӣ эътироф карда мешавад. Дар ин сурат корманд ба кор барқарор карда шуда, музди миёнаи моҳонааш барои ҳамаи давраи ноилоҷ ба кор набаромаданаш пардохт карда мешавад ва инчунин ба манфиати корманд ҷуброни зарари маънавӣ ситонида мешавад (моддаи 55 КМ ҶТ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё