Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сатҳҳои дигари шарикии иҷтимоии байни иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо) ба ҳайси намояндагони кормандон ва иттиҳодияҳои корфармоён, ки намояндагони корфармоён мебошанд, баста мешаванд. Мувофиқи интихоби тарафҳо созишномаҳои дуҷониба ё созишномаҳои сеҷониба баста мешаванд. Ба замони муосир қабули созишномаҳои сеҷониба бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ бештар хос аст.

Вобаста аз соҳаҳои муносибатҳои танзимшавандаи иҷтимоӣ ва меҳнатӣ созишномаҳои умумӣ, минтақавӣ, соҳавӣ ва дигарҳо метавонанд баста шаванд. Намудҳои ин созишномаҳо мутобиқи сатҳҳои шарикии иҷтимоӣ, доираи созишномаҳо, ҳадафи пешбинишуда ва салоҳияти ҷонибҳо дар бастани онҳо, муайян карда мешаванд.

Тибқи моддаи 301 КМ ҶТ намудҳои созишномаҳо инҳоянд:

  • генералӣ;
  • соҳавӣ;
  • минтақавӣ.

Созишномаи генералӣ принсипҳои умумии танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии марбутаро дар сатҳи ҷумҳурӣ муқаррар мекунад.

Созишномаи минтақавӣ принсипҳои умумии танзими муносибатҳои яххеларо дар минтақаи воҳиди дахлдори маъмурии ҳудудӣ муқаррар мекунад.

Созишномаи соҳавӣ шароити умумии пардохти музди меҳнат, кафолатҳо, ҷубронпулӣ ва имтиёзҳоро барои кормандони соҳа (бахшҳо) муқаррар менамояд. Бояд

пешина
аз 496
навбатӣ