Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҳуқуқи моликият эътибор дорад. Дар ҳолати азнавташкилдиҳӣ ё тағйир ёфтани моликияти ташкилот, ҳар яке аз тарафҳои шартномаи коллективӣ метавонанд ба тарафи дигар пешниҳоди худро дар бораи бастани шартномаи коллективӣ фиристанд ё мӯҳлати амали шартномаи қаблии коллективиро ба мӯҳлати то се сол тамдид кунанд.
Ҳангоми барҳам додани ташкилот шартномаи коллективӣ дар тамоми давраи барҳамхӯрӣ амал мекунад.
Тағйиру иловаҳо ба шартномаи коллективӣ бо тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ ворид карда мешаванд.
5.5. Созишномаҳо ва намудҳои онҳо
Созишнома санади ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро танзим мекунад ва принсипҳои умумии танзими муносибатҳои иқтисодии алоқамандро байни намояндагони ваколатдори кормандон ва корфармоён дар сатҳҳои гуногуни соҳаҳо ва минтақаҳои шарикии иҷтимоӣ муқаррар мекунад.
Созишнома низ мисли шартномаи коллективӣ, санади ҳуқуқие мебошад, ки дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ буда, муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои бо онҳо алоқамандро танзим мекунад. Созишномаҳо ҳам дар қатори шартномаҳои коллективӣ ба сарчашмаи ҳуқуқи меҳнат дохил карда мешаванд.
Бар хилофи шартномаҳои коллективӣ, ки тарафҳо
онҳоро дар сатҳи ташкилот бастаанд, созишномаҳо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё