Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Чор по дорад, гов нест,
Морсар асту мор нест.
(Сангушт)
Зардиаш зардолу,
Сафедиаш шафтолу,
Валлоҳ, ки на зардолу,
Валлоҳ, ки на шафтолу
(Тухм)
Он чист раванда, по надорад,
Дорад даҳану забон надорад.
Дар даст гирӣ, лағжонаку ваҳшӣ,
Сад чӯб занӣ, фиғон надорад?
(Моҳӣ)
Дар об меравад, тар намешавад,
Дар ҷар меравад, ҷар намешавад.
(Соя)
Чистони зерин дар вазни ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф, ки формулааш мафойлун, мафойлун, фаъулун мебошад, гуфта шудааст:
Гуле дидам, ки он бехор бошад,
На дар дашту на дар бозор бошад.
На ӯро кас харад, не кас фурӯшад,
Ҳамеша дар сараш бозор бошад.
(Илм)
Дар ин чистон ва чанд чистони дигар вазн, қофия, радиф аз рӯи қонунҳои шеъри тоҷикӣ ва арӯз зоҳир шудааст.
Ба бисёр чистонҳои тоҷикӣ ҳамоҳангии калимаҳо (ассонанс), ба оҳанги муайян тобеъ гардидани гуфтор хос аст. Чунончӣ, «Таг-таги ток, муш қаталок» (хорпуштак); «Куррачеки мастак, охурчеки пастак» (муш); «Оҳангарак, сӯзангарак, дар рӯи он бозингарак» (малах); «Аз оча бача, аз бача оча» (харбуза ва тухмаш); «Сандукча пури мехча, на дар дорад, на дарича» (анор) ва ғайра.
Дар чистонҳо калимаҳои тақлидини тасвирӣ мавқеи намоён доранд: «Аз кӯҳ ояд хушт-хушт, кокулҳояш пешу пушт» (малах); «Зар малах, зарпо малах, рӯй-рӯи ях шарах-парах» (кафши чӯбин); «Ғиж-ғижи дар, ғижмоли дар, ҳавзи кулӯла, мокуи сар» (чувоз); «Рӯз халак-халак, шаб даҳон ялак» (кафш); «Осмон барояд-ялаққӣ, замин фарояд-тараққӣ» (каланд); «Уштур аф кард, дарё кафк кард» (собун) ва ғайра.
Як миқдор чистонҳо вазни шеърӣ, ритм, қофия ва ҳамоҳангии калимаҳоро доро нестанд ва танҳо бо ҷумлаҳои оддию муқаррарӣ сохта шудаанд: «Як ғулом дорам аз болои бом ҳезум мепартояд» (поку); «Меравад, меравад, ду пояшро боло карда хоб меравад» (ароба); «Беваи зол тоҷи тилло дорад» (чароғ);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё