Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Таслиятҳои рақиби ман на аз дилсӯзӣ аст,
Ӯ намакпошӣ ба қалби реш — решам мекунад.1
Дар ин ҷо зарбулмасали «Ба болои сӯхта намакоб» истифода шудааст.
Бояд қайд кард, ки зарбулмасалу мақолҳо дар назм ҳам айнан ва ҳам мазмунан истифода мегарданд, аммо аксар вақт таркиби аслии халқии онҳо нигоҳ дошта намешавад, зеро қонуну қоидаҳои назм имконият намедиҳанд, ки зарбулмасал ба мисраъ ва байт айнан дохил карда шавад. Вале ин гуна имконият дар наср бештар аст. Илова бар ин дар назм айнан кор фармудани зарбулмасал санъаткорӣ ва маҳорати махсусро талаб мекунад.
Хулоса, зарбулмасал ва мақолҳо дар ҳаёти маънавии халқ мақоми махсус доранд. Зарбулмасалу мақолҳо орзуҳои олии маънавию ахлоқии одамони оддӣ, муносибатҳои ҷамъиятию оилавӣ ва хирадмандию зиракии онҳоро ошкор месозанд.
Нависандаи бузурги замони мо М. Шолохов дар сарсӯхани худ ба маҷмӯаи В. Даль «Зарбулмасалҳои халқи рус» чунин гуфтааст: «Шояд дар ягон шакли даҳанакии эҷодиёти халқ, чунон ки дар зарбулмасалҳо мебинем, ақлу хиради халқ бо он қувва, бо он гуногунӣ зоҳир нашуда бошад ва таърихи миллиаш, сохти ҷамъиятиаш, зисту зиндагиаш, ҷаҳонбиниаш ба он дараҷаи равшан инъикос нагардида бошад». Зарбулмасалу мақолҳо ба туфайли бозарофат, шоирона ва дақиқ будани худ нутқро пурмазмун, аниқ ва таъсирбахш мекунанд. Бинобар ин онҳо на фақат барои омӯхтани идеологияи оммаи меҳнаткаш материали пуркимат медиҳанд, балки дар бобати муайян намудани фасоҳату назокати забони гуфтугӯӣ низ аз манбаъҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.
АДАБИЁТ
- Асрорӣ В. Адабиёт ва фолклор. Душанбе, 1967.
- Тилавов Б. Поэтика таджикских пословиц и поговорок. Душанбе, 1967.
- Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. Тартибдиҳанда В. Асрорӣ, Ста-линобод, 1956.
- Суханҳои дилафрӯз. Тартибдиҳанда Б. Тилавов. Душанбе, 1973.
- Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои С. Айнӣ. Тартибдиҳанда Р. Абдуллозода, Душанбе, 1958.
- Зарбулмасалу мақолҳо дар тамсилу ҳикояҳо. Тартибдиҳанда М. Фо-зилов. Душанбе, 1973.
- Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ. Тартиб-диҳанда М. Фозилов, ҷ. 1. Душанбе, 1975.
1 А. Лоҳутӣ. Куллиёт, ҷ. 1, Сталинобод, 1960, саҳ. 87.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё