Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

образи типӣ, дар тасвири воқеаю ҳодисаҳо, пурмазмун ва пуробуранг сохтани забони нависанда ва забони персонажи асари бадеӣ хеле бузург аст.

Масалан, дар порчаи зерин зарбулмасали «Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз» дучор мешавад, ки Садриддин Айнӣ ба воситаи он образи типии душмани халкро, ки дар солҳои аввали ташкил ёфтани Ҳукумати Советӣ ба аппарати идораҳои давлатӣ дохил шуда, монанди «Гург дар ҷомаи меш» буданду бар зидди Ҳокимияти Советӣ пинҳонӣ мубориза мебурданд, барҷаста тасвир кардааст:

— Илоҳӣ, теғи ҳукуматҳо бурро шавад, сафарашон бехатар шавад, Ҳазрати Шери худо ва Баҳоваддини балогардон камарашонро банданд, — гӯён даст бар рӯ кашид.

— Шумо дуруст-ку? — гуфт Ҳаит-Амин ба Ӯрмон-Полвон, — дар замони пеш ҷаноби олиро ҳамин тариқа дуо мекардед. Акнун, ки ба кор даромада гирифтед, ҳукуматҳоро ҳам ба ҳамон тавр дуо мекунед.

— «Дуруст» шудан даркор аст, — гуфт Ӯрмон-Полвон, дар ҳолате ки аз чойники чояш сардшуда ба Ҳаит-Амин чой кашида медод ва барои қувват додани сухани худ илова кард: — «Замона ба ту насозад, ту бо замона бисоз» гуфтаанд. Ҳоло мо маҷбур ҳастем, ки бо замона созиш кунем, як рӯз мешавад, ки замона боз барои созиш кардан ба мо маҷбур мешавад»1.

Чунон ки мебинем, зарбулмасали мазкур барои кушодани симои ҳақиқии душман Ӯрмон-Полвон дар ҳамин диалог вазифаи муҳимро адо карда, ҷои асосиро ишғол кардааст. Беҳуда нест, ки нависанда дар шарҳи диалоги Ӯрмон-Полвон «барои қувват додани сухани худ илова кард» гуфта роҳи зарбулмасалро алоҳида қайд намудааст. Аслан мазмуни ин зарбулмасал (бе матн) замонасозӣ, сустиродагӣ, муросоҷӯӣ аст, аммо дар матни С. Айнӣ ба мазмун ва вазифаи дигар омада, дар ниқоб будани душман, макру фиреби пинҳонӣ доштани ӯро бо оҳанги киноя мефаҳмонад. Оҳанги кинояомези онро худи гӯяндаи зарбулмасал ба вуҷуд овардааст, зеро мавқеи кор фармуда шудани он ҳаминро талаб мекунад.

Дар рафти тасвири хислати образ зарбулмасале истифода карда мешавад, ки барои барҷаста нишон додани он хислат ё характери типии персонаж роли махсусе мебозад. Масалан, ба воситаи зарбулмасали «Ҷон хонаи мардум, на ғами обу на ғами хезум» бори дигар хислати мумсикӣ, хасисӣ ва муфтхӯрии Қорӣ-Ишкамбаи судхӯр нишон дода мешавад ва ин образ бо детали дигар амиқтар тасвир мешавад:

«— Шумо дар хонаи худатон ҳам ҳеҷ ош мехӯред?— ман пурсидам.

— Ҳаргиз! Модом ки дар хонаи дӯстон ошу нони тайёр ҳаст,
чаро дар хона дегу дуд кунонда ва пулеро, ки бо сад машаққат

1 С. Айнӣ. Куллиёт, ч. 3, Сталинобод, 1960, саҳ. 320.

пешина
аз 295
навбатӣ