Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
номаълум эҷод карда шудаанд, ки ин мисолҳо аз ҳамон қабил мебошанд:
Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат наку н-ояд.
-V--V-V---
-V--V-V---
Коре, ки ба сулҳ дар наёяд,
Девонагие дар он бибояд.
--VV-V-V--
--VV-V-V--
Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад.
-V--VV--VV-
-V--VV--VV-
Байту мисраъҳои бисёри шоирони машҳури замонҳои гузашта бо мурури замон ба зарбулмасалу мақолҳои халқӣ табдил ёфта, хазинаи эҷодиёти бадеии халқро ғанӣ кардаанд. Чунончӣ:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
(Румӣ)
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
(Рӯдакӣ)
Кӯш, то халқро ба кор ой,
То ба хулқат ҷаҳон биорой.
(Низокӣ)
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
(Саъдӣ)
Барои дӯстон ҷонро фидо кун,
Валекин дӯст аз душман ҷудо кун.
(Ҷомӣ)
Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.
(Саъдӣ)
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
(Бедил)
Зарбулмасалу мақолҳое, ки берун аз қонуну мизони назм сохта шудаанд, қонуну мизони дигаре доранд, ки он дар ҳар қисми зарбулмасал ё мақол ҳамоҳанг будани калимаҳо ва ё истифода шудани қофияҳо мебошад. Барои исботи ин фикр чанд мисол меорем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё