Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар суруди мазкур на фақат санъати параллелизми мазмунӣ (дар байтҳои якум, дуюм ва сеюм), ки он ғояи ҳар мисраъро дар пайвастагии узвию мантиқии байтҳо пуркувват месозад, мушоҳида мешавад, балки рӯҳияи образи хирманкӯби мазлум низ хеле барҷаста тасвир шудааст.

Дар сурудҳои хирманкӯон мазмунҳои ишқӣ, шикоят аз бевафоӣ, баёни ҳасби ҳол ва монанди инҳо низ ифода ёфтаанд. Одатан ин навъ сурудҳо дар асоси ин ё он жанри лирикии халқӣ (байт, рубоӣ, ғазал ва ғайра) бо илова карда шудани суханони хоси анъанавии хирманкӯбон «майда-майда хӯп» шакл мегиранд. Масалан, асоси суруди зерин рубоиест, ки он дар шакли аслии худ низ суруда мешавад:

Нигоро, аз дур дидию ханда кардӣ-е
майдае, майдае, майдае,
Ба сад нозу карашма банда кардӣ-е,
майдае, майдае, майдае,
Накардӣ аз таи дил ошноӣ-е
майдае, майдае, майдае,
Миёни чӯраҳо шарманда кардӣ-е,
майдае, майдае, майдае,

Аммо дар суруди зерин рубоӣ ва дубайтиҳо ба таври алоҳида истифода шуда, байтҳои махсус ва доимии хирманкӯбон ҳамчун нақарот баъди ҳар банд бо оҳанги анъанавиашон тараннум мешаванд:

Н а қ а р о т:

Майдо, э майдо,
Майдо кардӣ, майдо.
Майдо, э майдо, ҷонваронум, майдо!
Майдо, э майдо, ҳайвононум, майдо!
Рафтум ба саропушта, ба саҳрон чунун,
Дидум Лайло, нишаста дасто пури хун.
Гуфтум: — Лайло, чӣ дорӣ дар дил?
Аҳволи дили Лайло бидонад Маҷнун.

Н а қ а р о т:

Шави маҳтов ранҷурӣ кашидум,
Чилими нуқрагӣ холии кашидум,
Чилими нуқрагӣ дар дасти мо нест?
Магар занҷири ёр дар пои мо нест?...

Агар хирманкӯб рубоӣ ва дубайтиро ҳар чӣ қадар зиёд донад, мумкин аст, ки суруд ҳамон қадар давомдор ва дароз шавад.

Барфӣ. Дар байни тоҷикон одате буд, ки баробари боридани барфи нахустин ёрӯ ҷӯраҳо, оилаҳо ба ҳамдигар мактуб-барфӣ фиристода, орзуи худро ифода мекарданд. Супоридани барфӣ қоидаю тартиби муайяне дошт. Барфиро шахсан ба касе супурдан лозим аст, ки он ба унвони ӯ навишта шудааст. Агар шахси супоранда бо барфии овардааш фош ва дастгир нашанамоем.

пешина
аз 295
навбатӣ