Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Аз рӯи баъзе тадқиқотҳои илмӣ ва материалҳои зиёди фолклорӣ маълум мегардад¹, ки дар тӯи арӯсии мардуми маҳалҳои гуногуни тоҷикнишин баробари ҷой доштани ҳодисаҳои ҳамрангу муштарак тафовути зиёде низ мавҷуд аст. Ин тафовутҳо махсусан дар вақти дида баромадани марҳилаҳои тӯй ба назар мерасад.
Маросими тӯи арӯсии тоҷиконро асосан ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст.
-
Марҳилаи пеш аз тӯй, ки ба он хостгорӣ, ноншиканон, фотиҳа, парчабуррон, ҷомабуррон, маслиҳатошӣ, тӯйбарон ва сурфакушоён, ҷамъомади духтарон, ҳинобандон, тайёр намудани арӯсу домод ба тӯй калон: саршӯёнӣ мӯйбофон, сартарошон, саллабандон, либоспӯшон дохил мешаванд.
-
Марҳилаи тӯй калон, ки ин аз никоҳ, домодбиёнон, зиёфати тӯй, ба хонаи домод гуселкунонии арӯс, нақшгӯии мардон, ёр-ёргӯии занон, рӯбинон иборат аст.
-
Марҳилаи баъди тӯй калон, ки ба он ҷойғундорон, торканон, домодталабон, келинталабон дохил мешаванд.
Рақсу бозию сурудхонӣ, яъне истифодаи фолклор одатан аз тӯи фотиҳа сар мешавад. Тӯи фотиҳа баъд аз хостгорӣ ва ноншиканон гузаронида мешавад. Масалан, фолклоршинос Р. Қодиров қайд мекунад, ки дар водии Қашқадарё тарафи домод аҳли деҳаро ба хонааш даъват намуда зиёфат медиҳад. Меҳмонон зиёфатро хӯрда, ба саҳни ҳавлии тӯйдор мебароянд. Чизу чораи барои тӯй тайёр кардаро ба хару аспҳо бор карда, ба хонаи арӯс мераванд. Доирадастону сурнайчиён савту оҳанги шӯҳеро менавозанд, дигарон қарсакзанӣ карда, суруди «Хӯй, бале»-ро мехонанд, се нафар ҷавонписар мерақсанд:
Ҳофизон: Кокулат андарҳаму ҳар як ҳамаш сад аҷдаҳор.
Дигарон: Хӯй, бале!
Ҳофизон: Рӯи ту барги гулу чашмони ошиқ интизор.
Дигарон: Хӯй, бале!
Ҳофизон: Кокулатро дар сарат беҳтар аз он гул дидаам.
Дигарон: Хӯй, бале!
Ҳофизон: Ҳар ду зулфони туро монанди сунбул дидаам.
Дигарон: Хӯй, бале!
Ҳофизон: Ҷононаи нағзи ман.
Дигарон: Хӯй, бале!
Ҳофизон: Бодоми думагзи ман.
Дигарон: Хӯй, бале!
Ҳофизон: Бодом, ки ду магз дорад,
Ҳофизон: Ку ҷӯраи нағзи ман?
Дигарон: Хӯй, бале!
¹ Ниг.: Н. А. Кисляков. Семья и брак у таджиков, М.-Л., 1959, Р. Қодиров. Фолклори маросимии тоҷикони водии Қашқадарё. Душанбе, 1963; Х. Г. Ишанқулов. Брак и свадьба у населения Ходжента в новое время. Душанбе, 1972; Ф. Зехниева. Свадебные песни таджиков. Автореферат кандидатский диссертации. Душанбе, 1972. Ф. Зехниева. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон, Душанбе 1978.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё