Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Саркардаи суруд:
ЯК ҷон дораме, фидои даравгароне,
ман доғам, ё дӯст.
Дигарон:
Ҳе, алло, ёре, ман доғам, ё дӯст!...

Суруди «Ман доғ» боз чанд вариант дорад, ки тарзи хониш ва иҷрои онҳо низ тақрибан ҳамин гуна мебошад.

Дар замони гузашта ғалларо ба воситаи галагов мекуфтанд, ки онро «хӯп» мегуфтанд. Одатан ғаллаи даравидаро дар хирманҷой ғарам карда, бандҳои онро гирдогирди сутуни хирманҷой паҳн менамуданду чор-панҷ барзагови ба ҳамдигар қатор аз гарданашон бастагиро аз болои пояҳои гандум ҳай мекарданд. Барзаговҳо гирдогирди сутун давр зада, бо пои худ донаҳои гандумро аз сарак ҷудо ва пояҳои онро коҳ мекарданд. Аз паси барзаговҳо шахсе гашта, суруди «Майда, майда, хӯп»-ро мехонд:

Галаговам, говронаме, майдае, майдае,
Панҷ рӯз будай давронаме, майдае, майдае,
Майда-майда хирманаме, майдае, майдае,
Аз дилу ҷон ҳайвонаме, майдае, майдае,
Тез-тез кӯб, майда кӯб, майдае, майдае,
Оҳ, хел-хел кӯб, майда кӯб, майдае, майдае,
Дони хирман ба ман фойдае, майдае майдае,
Бобои деҳқон бобомое, майдае, майдае,
Мана да кор фармудае, майдае, майдае,
Туро ба галагов фармудае, майдае, майдае,
Майда кунӣ, гул барин кунӣ, майдае, майда,
Ба шамолҳо тайёр куне, майдае, майдае...

Агар дар ин суруди хирманкӯбӣ ба таври импровизация фикру андешаи сароянда ва муносибати ӯ ба кори объект содда ифода шуда бошад, дар суруди зерин оҳанги иҷтимоӣ баралло ҳис карда мешавад. Ба ибораи дигар гӯем, дар ин шеър муносибати хирманкӯб ба меҳнат, ба ҳосили меҳнати худ хусусияти шӯрангезонаи синфӣ дорад. Ӯ дар суруди худ нобаробарии иҷтимоӣ, истисмор, беадолатӣ ва камбагалию нодории худро баён кардааст, ки аз мазмуни суруд ғулом ё хизматгори шахси давлатманд буданаш мушоҳида мешавад.

Хирмане дорему худ як дон намегирем мое,
майда, майда, хӯп, хӯп, майда, майда кӯб!
Дар лаби оби равон лабташна мемирем мое,
майда, майда, хӯп, хӯп, майда, майда кӯб!
Дар биёбон нола кардам, хирмани гул даргирифто,
майда, майда, хӯп, хӯп, майда, майда кӯб!
Ҳайфи рӯи беғуборам, чангу хокистар гирифто,
майда, майда, хӯп, хӯп, майда, майда кӯб!
Дарди дандон дораму дандон ба дандон мондамо,
майда, майда, хӯп, хӯп, майда, майда кӯб!
Рози дил дорам, забонам баста ҳайрон мондамо,
майда, майда, хӯп, хӯп, майда, майда кӯб!

пешина
аз 295
навбатӣ