Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

Дигарон дар хоб.
Мо дафча заним.

Маросимҳои дигари баҳорӣ, монандӣ: сайри гули лола, сайри гули сурх, сайри гули биҳӣ ва ғайра хусусияти маҳаллӣ дошта, дар ин ё он маҳалли Тоҷикистон ба таври анъана гузаронида мешаванд.

Сусхотун. Ин маросим ба сикли маросимҳои баҳорӣ, Наврӯз ва ё соли нав дохил намешавад. Маросими Сусхотун гарчанде бо корҳои деҳқонӣ ва зироат алоқаманд аст, аммо ташкили гузаронидани он ба талабот вобаста мебошад. Солҳое, ки борон дар сари вақт намеборидасту дар натиҷа киштукор, зироат ва ҳосилот дар зери хатар мемондааст, маросими «Сусхотун» гузаронида мешавад. Мувофиқи ақидаи мардуми деҳот маросими Сусхотун борон меовардааст. Ин ақида, ки аз замонҳои қадим дар байни тоҷикон мавҷуд аст, асоси анимистӣ дорад.

Маросими Сусхотунро занон ташкил медиҳанд. Фолклоршинос Р. Қодиров қайд мекунад, ки дар водии Қашқадарё ҳангоми хушксолӣ занон ҷамъ шуда ва бо маслиҳат як нафар пиразани аз падару модар яккаву ягонаро ёфта, ӯро розӣ мекунониданд, ки сусхотун шавад ва ба мардум кори хайре кунад. Баъд як гурӯҳ занон ба сари пиразан рӯймол партофта, ӯро сурудхонон кӯча ба кӯча ва дар ба дар давр мезатониданд. Як нафар аз занҳо, ки унвони «Сарбайтхон»-ро доштааст, бо овози баланд бандҳои суруди «Сусхотун»-ро мехондааст, дигарон баъди ҳар як банди суруд «Сусхотун-а, сусхотун» мегуфтаанд. Чунончи:

Сарбайтхон: Борон борад зибанда,
Алаф шавад бузанда!
Дигарон: Сусхотун-а, сусхотун!
Сарбайтхон: Бузон хӯранд, шир диҳанд,
Шира ба кампир диҳанд
Дигарон: Сусхотун-а, сусхотун!
Сарбайтхон: Кампир хӯрад, сер шавад,
Дарду ранҷаш нест шавад.
Дигарон: Сусхотун-а, сусхотун!

Мардуми деҳа ба сусхотун об пошида, як миқдор ҷав, гандум, қурут ва ё дигар хел хӯрокворӣ медиҳанд, ки он баъд ба кампири сусхотуншуда ҳамчун инъом тақдим карда мешавад.

Маросими Сусхотун дар ҳар ҷо ҳар хел гузаронида мешавад. Фолклоршинос Р. Аҳмадов нақл мекунад, ки дар водии Сурхондарёю Қашқадарё яке аз иштироккунандагони маросим либоси ҷанда пӯшида ва хӯсае ба даст гирифта, ба зери тарнов мерафтааст, дигарон:

1 Даф — дойра.

пешина
аз 295
навбатӣ