Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Сусхотун, сусхотун,
Алафакон ташна монданд,
Кампиракои гушна монданд...

гӯён суруд хонда ба сари он зан об мерехтаанд, Дар Кӯлоб ва Ғарм ин маросимро «Ашаглон» мегуфтаанд ва ҳангоми гузаронидани он суруди зеринро мехондаанд:

Ашаглони ростина.
Аста бичунбон остина,
Ғаллаи сабзум қок шид,
Як бор бирез боруна.

Дар баъзе ҷойҳо бо сурудхонӣ зани сусхотуншавандаро ба лаби дарё бурда, ба об пахш мекардаанд, сусхотун кӯшиш мекардааст, ки аз дасти занҳо халос шавад, вале ӯро то нагиряд, аз об берун намекардаанд. Гӯё ҳар қадаре, ки сусхотун бисёртар гиря карда, ашк резад, ҳамон қадар борон зиёдтар меборидааст. Агар баъди гузаштани маросим борон борад, ба зани сусхотуншуда пул ва ҳар чӣ ҷамъ карда медодаанд.

Дар ҷойҳои дигар адате низ будааст, ки мувофиқи он одамон чизҳои пуркимати бойҳои хасисро дар дарё пинҳон карда, онҳоро ба хашму ғазаб меовардаанд ва он чизҳоро танҳо баъди боридани борон ба соҳибонашон бармегардонидаанд. Дар баъзе ҷойҳо дар рӯзи маросим занҳо дар лаби дарё ҷамъ омада, «халиса» («ҳариса») мепухтаанд ва онро «оши борон» меномидаанд.

Ба маросими Сусхотун занони одамони бадавлат ва «калоншаванда»-ҳои деҳа иштирок намекардаанд. Азбаски анборҳои онҳо пури ғалла будааст, мардуми бечора ба онҳо нафрат доштаанд. Ба мақсади ифода кардани нафрати худ занҳо аз байнашон як зани сиёҳчеҳраро ёфта, вайро ба сурати зани бой дароварда ва ба остинаш чӯбе халонда, дар ба дар, кӯча ба кӯча гардиш дода, суруди зеринро мехондаанд:

Сусхотуна-сусхотун!
Хонаи анбордор сӯзад!
Хонаи деҳқон пур шавад!
Сусхотуна-сусхотун!

Дар баъзе маҳалҳо маросими Сусхотунро мардон ташкил мекардаанд. Ба яке аз мардон либоси занона пӯшонда, ба сараш рӯмаде мегузоштаанд ва ин сурудро тараннум мекардаанд:

Сусхотун, султон хотун,
Синахош майдон хотун.
Ба сусхотун чӣ даркор?
Борони шарросӣ даркор!

Баъд аз ин ӯро гардиш дода, ба сараш аз кӯзаҳо об мерехтаанд. Дар баъзе ҷойҳо ба сифати сусхотун хӯсаи занро истифода мекардаанд.

пешина
аз 295
навбатӣ