Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дуалӣ, дар ҳудуди як ё ду оила гузаронида мешудааст. Рӯзи аввали заминронӣ танҳо ду-се хат заминро шудгор карда, ба он каме гандум ё ҷав кошта, бармегаштаанд.

Ҳангоми ҷамъ омадани худ деҳқонон дар бораи кору бори деҳқонӣ, ҳосилот, дарав, воқеаҳои солҳои гузашта нақлу ҳикояҳо мекарданд, латифа ва аскиягӣ низ мешудааст, шеърҳои пандомез ва зарбулмасалҳо оид ба меҳнат, ғайрат, ҳосилот, бахту роҳат низ гуфта мешудааст.

Дар давоми маросими Ҷуфтбаророн барои иҷро ва истифода бурдани эҷодиёти даҳоникии халқ шароити табиӣ ва талаботи муайяне пайдо мешудааст. Худи рӯҳбаландӣ, ҳаяҷон ва эҳсосоте, ки дар бросесси маросим ба вуҷуд меояд, завқи бадии ва хуруши эстетикии одамонро бедор мекардааст.

Суманак. Суманак маросими занона буда, бахшида ба пешвози баҳор, киштукори баҳорӣ ва Наврӯз гузаронида мешавад. Дар рӯзҳои мо низ ҳодисаи аз тарафи баъзе оилаҳо ба таври индивидуали ва бештар коллективона (чанд оила шарик шуда) гузаронида шудани ин маросим ҷой дорад. Тарзи пухтани суманак чунин аст: як миқдор гандумро тоза шуста ва дар сабад паҳн карда дар ҷое мемонанд, баъди чанд вақт гандум месабзад ва онро дар офтобрӯя мегузоранд, то ки реша ронда авҷ гирад. Оташдони калоне сохта ба он деги калоне мешинонанд. Дар вақти ба дег андохтани гандуми сабз яке аз занони кӯҳансоли мӯътабар ва «хушбахт» бо чӯби дарозе дегро кофта, барои кор, фаровонию оромӣ, сиҳатию хурсандӣ орзу карда, аз Момоҳавво мадад металабад. Ҳамин тавр занҳо дегро бо навбат муттасил кофта як шабонарӯз меҷӯшонанд. Ба назди дег мардон ва ҷавонони ба балоғатрасидаро роҳ намедиҳанд.

Ҳавлӣ намуди идона мегирад. Палосу кӯрпачаҳо паҳн карда мешаванд, ба рӯи дастархон ҳар кас ҳар чӣ аз таомҳо оварда мемонад. Ҳамсояҳо, хешу табор ва шиносон ҷамъ шуда муддати як шабонарӯз, яъне то пухтани суманак, ҳикоягӣ, рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд.

Баъд аз пухтани суманак вайро ба тамоми аҳли деҳа тақсим карда медиҳанд.

Аз рӯи материалҳои ҷамъкардаи фолклоршинос С. Норматов ин маросимро мардуми Афғонистон низ хеле ботантана мегузаронидаанд. Он лаҳзаи ҷолиби диққат аст, ки дар Афғонистон ҳангоми ҷӯшидани деги суманак фақат як нафар дегро кофта меистодааст, дигарон бошанд дар атрофи дег давра истода, суруди махсуси «Суманак»-ро бо оҳанги форам тараннум мекардаанд. Шакли тараннуми суруди «Суманак» ин тавр будааст: як кас бандҳои сурудро мехондааст, дигарон бошанд баъди ҳар як банд накароти зеринро такрор мекардаанд.

Саманак дар ҷӯш
Мо капча¹ заним,

¹ Капча — белча.

пешина
аз 295
навбатӣ