Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Оби раҳмат омаду Наврӯз шуд,
Боғ сабзу лола дилафрӯз шуд.
Ҳар кӣ аз ҷон хизмати устод кард,
Ёфт илму дар ҷаҳон фирӯз шуд.
Наврӯз шуду гул ба чаман ҷилвагар омад,
Аз пунбаи ҳар шох нидои самар омад.
Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт муаттар,
Аз бӯи гулу сабзаву райҳону санавбар.
Наврӯзу навбаҳорон,
Фасли гул асту лола.
Булбул ба ҷӯши мастӣ,
Кумрӣ ба оҳу нола.
Гули зардак, гули сиёҳгӯш,
Миёни сабза мезад ҷӯш,
Бихон, эй булбули хомӯш,
Баҳори нав муборак бод!
Гули зардак дуранг афтод,
Миёни хору санг афтод,
Ба рӯи лола чанг афтод.
Баҳори нав муборак бод!
Баҳор омад ба се рӯзӣ,
Ба борони шабонрӯзӣ,
Аҷаб гулҳои наврӯзӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Ҷуфтбаророн. Маросими мавсимии дигар Ҷуфтбаророн мебошад. Ин маросим ҳам қадимӣ буда, низ дар аввали баҳор гузаронида мешудааст. Фолклоршинос Р. Қодиров қайд мекунад, ки дар водии Қашқадарё вақти шудгори заминро мӯйсафедони пуртаҷриба ва саркорони деҳа муайян мекардаанд. Ба маросими Ҷуфтбаророн ҳамаи аҳли деҳа — зану мард тайёрӣ медидаанд. Ҳар оила аз рӯи будааш таом мепухтааст. Мардон меҳмонхона ё масҷидро рӯфта тоза мекардаанд ва аз мардуми деҳа палос ҷамъ карда, ҷои нишаст меоростаанд. Пагоҳии рӯзи Ҷуфтбаророн ба он ҷо ҳар кас ҳар чӣ аз таомҳои пухтагиаш меовардааст. Пас аз ҷамъ омадани аҳли деҳа яке аз куҳансолони мӯътабар «кушоиши кор, баракату барор, Бобои деҳқон мададгор, якатон ҳазор шавад» гуфта фотиҳа медодааст ва таомҳои омадаро ба деҳқонон—ҷуфтронҳо тақсим мекардааст. Рӯзи дигар деҳқонон ба барзаговҳо яктой нон мехӯронидаанд, ба шохҳои онҳо равғани зағир мемолидаанд. Инчунин барои зиён нарасидан ҳазориспанд дуд карда онро «дафъи бало, дафъи бало» гӯён дар гирду атрофи барзаговҳо давр мезанондаанд. Баъд барои шудгор кардани замин барзаговҳо ба саҳро мебурдаанд. Дар баъзе ҷойҳо ин маросим ба таври индиви-
1 Оид ба тасвири муфассали ҷашнгирии Наврӯз ба китоби Р. Аҳмадов «Наврӯзи оламафрӯз» (Душанбе — 1978) муроҷиат карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё