Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ли шикорашон афзун мегардад, ҳайвонҳо ҳангоми шикор ба шикорчӣ ром мешаванд»1.
Дар замонҳои қадим инчунин асарҳои эҷодиёти даҳанакиро дорои қувваи сеҳру ҷоду медонистанд. М. Горький қайд кардааст, ки одамони меҳнатии замонҳои қадим кӯшиш менамуданд, ки «бо қувваи сухан, бо усули «дуохонӣ», «дамандозӣ» ба ҳодисаҳои табиӣ таъсир расонанд»². Ин ақида дар байни халқҳои гуногун ҳанӯз ҳам ҷой дорад ва дар ин хусус дар асарҳои таърихӣ, этнографӣ ва ғайра маълумот дода мешавад.
Ҳатто дар замони мо ҳам дар байни баъзе халқҳо сурудҳое боқӣ мондаанд, ки мазмунашон ба сеҳру ҷоду марбут буда, ақидаҳои қадимиро нигоҳ доштаанд. Сокинони қадимтарини Цейлон ведҳо, ки дар бешазори ҷануби шарқии он зиндагӣ мекунанду бо шикор сару кор доранд, асали занбӯри ёбоиро, ки дар ғорҳои кӯҳсор макон гирифтаанд, ҷамъ мекунанд. Занон дар вақти асалғундорӣ суруде хонда ба ин васила худои асалро ҷоду мекарданд, то ки он ба ҷамъкунандагони асал офате наорад.
Дар эҷодиёти даҳанакии тоинқилобии халқи тоҷик ва дар зисту зиндагии он унсурҳои боқимонда тасаввуроту ақида, парастиши эътиқодҳои аҷдодони қадимиро (монандӣ «дуохонӣ», «дамандозӣ», «раммолӣ», «алас-алас», «кӯчонидан», «кинакунӣ», «афшонидан», «гармуҳунуккунӣ», «қуръакашӣ» ва ғайра) дидан мумкин аст, ки аз ҷиҳати пайдоиш ба давраҳои то солшумории мо ва ба давраи тоисломӣ реша меандозанд. Дар байни бисёр халқҳо, аз он ҷумла, дар байни тоҷикон ва умуман халқҳои эронӣ, дар замонҳои қадим оини оташпарастӣ вуҷуд дошт. Аз рӯи тасаввуроти ин халқҳо оташ қувваи аз «зиён»
ҳимоякунанда ва тозакунанда дорад; оташ дорои иқтидорест, ки қувваи «зиёнрасон»-ро дафъ карда, инсон ва ҳайвонҳои хонагиро аз касалиҳо нигоҳ медорад. Барои ҳамин ҳам то замони мо баъзе унсурҳои оташпарастӣ, монандӣ: дар ҷойҳои «зиённок» нӯкҷа гузоштан, дар хонаи кӯдаки бачилла чароғ даргиронда мондан, шахси дардмандро «алас-алас» кардан, арӯсро дар гирди гулхан давр занонида ба хонаи домод даровардан ва ҳоказо боқӣ мондаанд. Ба ғайр аз ин эътиқодҳо ба ҳайвонҳои ҷудогона, парранда ва растаниҳо низ мавҷуд буданд. Масалан, халқҳои қадимии славян хирсро парастиш мекарданд ва мувофиқи ақидаи онҳо хирс ҳукмрони бешазор будааст. Дар яке аз деҳаҳои қадимӣ мушоҳида кардаанд, ки хирсро дар атрофи хона давр мезанонанд, то ки ба соҳиби хона ва молҳои ӯ «зиён» нарасад. Дар байни славянҳои шарқӣ шоҳин, куку, хурӯс
1 В. Н. Скалон и П. П. Хорошиҳ. Об оленных писаницах Северной Азии, «Краткие сообщения Института истории материальной культуры»,
вып. XXXIX, М., 1951, стр. 61.
2 М. Горький. О литературе, стр. 694.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё