Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

зич дорад. Дар сурати набудани ин қобилият асари бадеии ба таври объективӣ мавҷудбуда дар ҳолати субъективӣ вуҷуд дошта наметавонад. К. Маркс навиштааст: «...танҳо мусиқа ҳиссиёти мусиқии инсонро бедор карда метавонад, касе, ки шу- навоии мусиқӣ надорад, беҳтарин мусиқа барои ӯ маънии худ- ро гум мекунад, ин гуна мусиқа барои ӯ номафҳум аст...»¹.

Гуфтан дуруст нест, ки эҷоди бадеӣ дар натиҷаи кӯшиши инсон барои қонеъ гардондани талаботи эстетикӣ ба вуҷуд омадааст. Эҷоди бадеӣ низ чун дигар намудҳои санъат дар иб- тидо аз рӯи талаботи машғулияти амалии ҷамъият ба вуҷуд омадааст ва минбаъд, ба ибораи К. Маркс, «ҳамчун истеҳсо- лоти бадеӣ» тараққӣ мекунад. Дар навбати худ ин «истеҳсо- лоти бадеӣ» омили инкишофи шуури инсон, манбаи офарини- ши хеле баланду мураккаби осори бадеӣ мегардад.

Инсон тадриҷан таҷриба ҳосил намуда ва қобилияти ҷамъбасткуниашро инкишоф дода, мавқеи худро аз олами атроф вусъат медиҳад ва охир ба чунин гумон меояд, ки бар ӯ қувваи ягонаи тавоною дастнорас ҳукмрон аст, он гӯё осоиши зиндагии ӯро таъмин мекунад. Дар натиҷаи фаҳмида натавонистани қонуни қувваҳои табиат дар инсон тарсу бим пайдо мешавад ва вай бо мақсади ба муқобили он қувваҳо мубориза бурдан роҳҳо ва воситаҳоро ҷустуҷӯ менамояд. Дар ин пояи таърихии ҳаёти инсон санъат ақидаи марбути сеҳру ҷоду, баъд аз он ғояҳои диниро истифода мекунад. Ёдгориҳои моддии таърихӣ, ки аз пайдоиши ақидаи марбути сеҳру ҷоду шаҳодат медиҳанд, назар ба ёдгориҳое, ки дар онҳо санъати ибтидоӣ акс ёфтаанд, аз қабатҳои хеле баъдинаи замин ёфт шудаанд. Аммо сеҳру ҷоду ҳанӯз дар давраи аввал ба санъати тасвирӣ, ба ракс ва суруд таъсири калон расонидааст. Масалан, баъзе суратҳои дар харсангҳо кашидашудаи ҳайвонот дорои мазмуни сеҳру ҷоду мебошанд. Чӣ навъе ки Л. Я. Штернберг мегӯяд, «эҷодкунандагони онҳо на мақсади ба касе ҳаловати эстетикӣ бахшидан, балки мақсади махсуси ба олами ҳайвонот таъсир расонданро доштанд, яъне онҳо мехостанд, ки ин ҳайвонҳо насиби инсон гарданд»². Бисёр археологҳои ҳозира низ ҳамин гуна ақида доранд. Онҳо дар бораи тасвирҳои рӯи харсанги Осиёи Шимолӣ (дар харсангҳои соҳили Иртыш, Енисей, Ангара, Лена, Амур, Канори Байкал ва ҷойҳои дигар) навиштаанд: «Баъзе аз расмҳо мотивҳои сеҳру ҷодуи шикор ва чорводориро ифода мекунанд. Рассомони қадим гумон мекарданд, ки бо ёрии ҳамин навъи тасвирҳои рӯихарсангӣ онҳо иқтидор ва қобилияти махсусе пайдо мекунанд ва ба ин васила наслдиҳии галаи ҳайвоноти реалӣ тезонида мешавад, махсу-

¹ К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве. Т. 1, стр. 141.
² Л. Я. Штернберг. Первобытная религия, Л., 1936, стр. 392.

пешина
аз 295
навбатӣ