Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба таври оперативӣ инъикос намудани ҳар як ҳодисаи нави ҳаёти ҷамъиятӣ: қаҳрамонӣ, ғалабаҳои меҳнатӣ, иншооту сохтмонҳо, чорабиниҳои партия ва ҳукумат барои боз ҳам беҳтар кардани зиндагию маишати халқ ва ғайра ба табиати эҷодиёти даҳанакии халқ хос мебошад.

Ашӯлаҳои халқӣ, ки як навъи эҷодиёти даҳанакианд, низ ҳамин хусусияти оперативӣро доранд. Масалан, ашӯлаи зерин, ки дар бораи парвози кайҳоннавард Юрий Гагарин гуфта шудааст, ҳамин тавр эҷод шудааст:

Осмонанда ракета,
Ғувваскунон бурафсос.
Дарунашанда Гагарин,
Хандакунон бурафсос.

Рӯбоӣ, байт, ашӯла ва сурудҳое низ дучор мешаванд, ки онҳо ба занон ва духтарони озоду хушбахти тоҷик, қаҳрамонони меҳнат ва пешқадамони истеҳсолот бахшида шудаанд.

Ин духтари бофандаро ёраш бошам,
ЯК дастаи гул ба рӯи тораш бошам.
Моку шаваму даст ба дасташ гардам,
Монанди навард дар канораш бошад.

Дар назми халқӣ, махсусан, рубоиёти ишқӣ-лирикӣ мавқеи калон дорад. Дар ин гуна рубоиҳо, пеш аз ҳама, симои гӯяндагон, қаҳрамонҳои лирикӣ, ҷаҳони маънавии онҳо, муносибатҳои ҷамъиятиашон ба назар мерасанд. Онҳо инженер, аграном, духтур, муаллим, студент, коргар, механизатор ва ғайра мебошанд, ки аз персонажҳои рубоиёти тоинқилобӣ ва эҷодкунандагони онҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар мисолҳои зерин мо эҷодиёти ҷавонони муосирро мушоҳида мекунем, ки анъанаи фольклории падару бобоёни худро идома дода, муҳаббати худро озодона тараннум кардаанд:

Дар пешаки институт чӣ гуфтӣ мара?
Инженер будай, ту аграном гуфтӣ мара.
Ма садка шавм забони ширини тура,
Дар пешаки ҷӯрахот нагӣ номи мара.

Дар даҳани тиреза анорай, оҷа,
Ишқм ба бачаи камсамолай, оҷа,
Камсамолай, волгасаварай, оҷа,
Ҳар ҷое равӣ, волгаш тайёрай, оҷа.

Мошин омадай ай сӯи Қафтархона,
Студентони мединститута мехамбона.
Очама бген, врача домод гира.
Дастаи гли врача савгот гира.

Онна ба дасти рост мегирам ман,
Мехонаму ихтисос мегирам ман.
Аз ғайбати ҳамсоя наметарсам ман,
Диплома ба дасти рост мегирам ман.

пешина
аз 295
навбатӣ