Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Қаҳрамонони Ватан, хезед, ки Гирмон омадаст,
Душмани даррандафеъл бар зидди моён омадаст.
Аҳдшикан Гирмонро шармандаи дунё кунем,
Вай ба сад ваҳшигарӣ монанди ҳайвон омадаст...
Бо ҳамин гуна мазмуну ғояи ватандӯстӣ ва интиқомгирӣ бисёр шеърҳои халқӣ низ эҷод гардидаанд, ки онҳо дар китобҳои «Халқ месарояд» (1942) ва «Шоирони халқӣ дар вақти Ҷанги Ватанӣ» (1945) гирд оварда шудаанд.
Дар давраи баъдиҷангӣ ҳам як силсила шеъру достонҳои шоирони халқӣ ва манзумаҳои сершумори фолклорӣ ба вуҷуд омадаанд, ки аксарияти онҳо ба воситаи маҷмӯаҳои асарҳои фолклорӣ («Таронаҳои наврӯзӣ», «Фолклори тоҷик», «Фолклори сокиони саргаҳи Зарафшон», «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ», «Фолклори Норак», «Таронаҳои Самарқанд», «Шоирони халқии Бадахшон» ва ғайра) ва маҷмӯаҳои ҷудогонаи Саидалии Вализода («Таронаҳо», «Дар водии меҳнат», «Нозими Ватан», «Ду додарон», «Шеърҳо ва достонҳо»), Бобоюнус Худойдодзода («Сурудҳои Бобоюнус»), Юсуф Вафо («Бо шумо ман зиндаам»), Ҳамид Саид («Рубоиҳо») ва Саид Холзода («Ду ҳаёт») ба табъ расидаанд.
Бояд гуфт, ки дар эҷодиёти солҳои баъдиҷангии шоирони халқӣ ва асарҳои дар ҳамин давра ба вуҷудомадаи фолклорӣ мавзӯъҳои мубориза барои сулҳу амонии ҷаҳон ва азнавбарқароркунии хоҷагии халқ мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Илова бар ин, ҳам аз эҷодиёти шоирони халқӣ ва ҳам аз асарҳои фолклорӣ бисёр намунаҳоро дучор кардан мумкин аст, ки дар онҳо сохтмони иншоотҳои бузург, иҷрои планҳои панҷсола, кушодани заминҳои нав, муваффақиятҳои соҳаи маориф, мактаб, маданият, комёбиҳои илм ва техника, умуман, мавзӯъҳои ҳаёти имрӯзаи халқи тоҷик ва дигаргун гардидани шаҳру деҳоти республикаи социалистии Тоҷикистон тараннум шудаанд.
Масалан, яке аз шоирони халқӣ Ҳамдам Ҷӯраев ободу зебо гардидани дашти Мирзочӯлро чунин месарояд:
Мулки Мирзочӯл чун боғу гулистон мешавад, Мисли Вахши номвар машҳури даврон мешавад, Ҳам зи саъю меҳнати мо, ҳам зи имдоди Ватан Сабзу хуррам гашта, ҷои роҳати ҷон мешавад.
Дасти халқи мо ба ҳар ҷо гар расад, гул мекунад, З-ин сабаб ҳосил дар ин саҳро фаровон мешавад.
Дар рубоии зерини халқӣ бо эҳсоси баланду фараҳманди ҳаёти имрӯзаи одами советӣ ин тавр тараннум мешавад:
Не ҳасрату андӯҳ, на доғ дорем мо,
Хушбахтию роҳату фарог дорем мо.
Мо мақсади сохтани коммунизм дорем,
Қайфе аз ин баҳору боғ дорем мо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо