Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
зуҳуроти эҷодиёти санъатҳои раққосӣ, ҳофизӣ, шоирӣ, машшоқӣ, театрӣ, рассомӣ ва ғайра дохил мешаванд. Шеърҳо, сурудҳо ва асарҳои драмавие, ки аъзоёни коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ эҷод карда, худашон иҷро мекунанд, бешубҳа, ба фольклор мансуб мебошанд. Ин шакл ва мавқеи нави пайдоиши фольклор аст, ки дар замонҳои гузашта ба ин андоза буда ва шуда наметавонист. Дар баробари ин бояд дар назар дошт, ки на ҳамаи асарҳои аз тарафи коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ эҷодшуда ва иҷрошуда оммавӣ-халқӣ ё фольклорӣ ҳисоб мешаванд, зеро бисёрии онҳо ба репертуари умумихалқӣ дохил нагардида, ҳамчуни асари инфиродӣ ё хоси гурӯҳи маҳдуди эҷодӣ паҳн нашуда мемонанд. Ин навъ асарҳо дар он сурат фольклор ҳисоб мешаванд, ки агар онҳо муаллифи худро гум карда, ба асари коллективӣ, оммавӣ мубаддал шуда бошанд.
Дар репертуари коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ ҷои асосиро сурудҳо ишғол менамоянд. Дар байни онҳо ҳам аз фольклори замони гузашта ва ҳам аз эҷодиёти муаллифони замони ҳозира сурудҳое ҳастанд, ки маҳз ба воситаи репертуари коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ халқӣ-оммавӣ гардидаанд.
Албатта, коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ на ҳамаи жанрҳои фольклориро истифода мебаранд. Масалан, дар репертуари онҳо зарбулмасал, чистон, латифа, алла, нақл ва аския барин жанрҳои серистеъмоли халқӣ мавқеъ надоранд.
Фольклор ва шоирони халқӣ. Дар мо касонеро, ки хату савод надоранду шеър эҷод мекунанд, шоири халқӣ меноманд. Дар республикаи мо ин гуна касон бисёранд, ки Бобоюнус Худойдодзода, Юсуф Вафо, Саидалӣ Вализода, Ҳомид Саид, Ҳикмат Ризо, Саид Холзода, Қурбон Ҷалил ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бо унвони «Шоири халқии Тоҷикистон», ки ба таври расмӣ таъсис шудааст, ҳукумати республика бо қарори махсус шоирони маъруф ва хизматнишондодаро сарфароз мегардонад. Дар мо Мирзо Турсунзода, Мирсад Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода ба ин унвон сазовор шудаанд. Номи шоири халқӣ маънои дигар дорад ва ин ном ҳаргиз мафҳуми унвони фахрии «Шоири халқии Тоҷикистон»-ро ифода намекунад. Аслан, касонеро, ки дар услуби фолклор асар эҷод кардаанд, ҳофизони халқӣ гуфтан беҳтар мебуд, зеро онҳо табиатан ҳофизанд ва эҷодиёташон бо ҳофизашон омехта мебошад. Муносибати ин гуна касон ба фолклор дар заминаи ҳофизии онҳо ба вуҷуд омадааст. Онҳо гӯяндаи фолклор, сарояндаи суруду достонҳо мебошанд.
Дар замони мо хусусият ва тарзу усули гӯяндагию ҳофизии давраҳои пешина тамоман тағйир ёфтааст. Ҳоло шоири халқӣ шеъру достонашро навишта, ба газетаю журналҳо мефиристонад. Вай акнун дар маъракаҳо ва ҷамъомадҳо намесарояд. Асари ӯ бо таҳриру ислоҳ нашр мешавад. Халқ онро аз даҳони шоири халқӣ намешунавад, балки аз газета, журнал ва китоб мехонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо