Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Таълифи индивидуалӣ дар он сурат асари коллективӣ ё фольклорӣ мешавад, ки агар вай аз даҳон ба даҳон гузашта ва тағйиру такмил ёфта, вариантҳо пайдо кунад.
Дар баробари ин эҷодиёти даҳанакии халқ ба адабиёт низ таъсир мерасонад. Шоирон, нависандагон ва драматургон аз фольклор сюжет, образ, шакл ва мазмунҳоро истифода бурда, онҳоро аз нав кор карда, асарҳои оригиналӣ эҷод мекунанд. Ин навъи кори эҷодӣ дар замонҳои гузашта низ вуҷуд дошт. Масалан, Фирдавсӣ достону ривоятҳои қадимиро дар асари худ «Шоҳнома» ба таври васеъ истифода кардааст. Ҳамин тавр, истифода шудани фольклорро дар асарҳои Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Восифӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон мушоҳида мекунем.
Дар адабиёти советии тоҷик С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Раҳимӣ, М. Миршакар ва дигарон аз фольклор ба таври васеъ истифода бурда, асарҳои замонавӣ офаридаанд, ки дар онҳо проблемаҳои ҳаёти имрӯза инъикос шудаанд. Махсусан шеърҳои ҳаҷвии М. Аминзода, С. Ҷавҳаризода, А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода ва баъзе материалҳои журнали «Хорпуштак» ба сабку услуби фольклор хеле наздик мебошанд.
Дар адабиётшиносӣ муқаррар шудааст, ки яке аз сарчашмаҳои инкишофи адабиёти советии тоҷик фольклор мебошад.
Ин чунин маъно дорад, ки шоирон, нависандагон ва драматургҳо аз идеалҳои баланду пешқадами халқ, аз санъати офариниши образу персонажҳои типӣ, аз сюжету композитсияҳои мароқангез ва аз забони пуробуранги эҷодиёти даҳанакии халқ баҳра мебаранд ва онҳоро меомӯзанд. Ҳамин тавр М. Горький ва С. Айнӣ баҳра бурдаанд, омӯхтаанд ва худашон инро эътироф намудаанд.
Фольклор ва коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ. Дар Программаи КПСС қайд шудааст, ки дар давраи зина ба зина аз социализм ба коммунизм гузаштан «театрҳои халқӣ, ҳаваскорони бадеии омма, ихтироъкории техникӣ ва дигар шаклҳои эҷодиёти халқ хеле вусъат меёбанд. Вусъатзёбии фаъолияти эҷодӣ-бадеии омма боиси пешрафти нависандагон, рассомон, маддоҳон ва артистони нави боистеъдод мегардад»1.
Дар солҳои сиюм кружоқҳои ҳаваскорони бадеие, ки дар назди клубҳо ташкил дода шуда буданд, ба инкишофи фольклори советӣ таъсири намоёне расониданд. Дар сармақолаи «Правда» навишта шудааст: «Дар мамлакати мо ҳаваскории бадеӣ — ин эҷодиёти халқ аст. Хусусияти наҷиби ҳаваскории бадеии омма аз он иборат аст, ки вай бо фаъолияти меҳнатӣ алоқаи зич дорад, дорои пафоси мубориза барои коммунизм мебошад»2.
Мафҳуми «ҳаваскории бадеӣ» хеле васеъ аст. Ба ин шакли
1 Материалҳои съезди XXII КПСС, саҳ. 419.
2 «Правда», 5 апрели соли 1960.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо