Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

душмани худ шуморида, ӯро ба окподшоҳ — шоҳи рус монанд мекунад:

Ошпиҷока биёред,
Душмана сар занам ман.
Кайном 2 окпошшо боин.
Охир куҷо равам ман?!

Дар ашӯлаи дигар даъват ба мубориза бар зидди мутлақияти подшоҳӣ ифода гардидааст:

Николай пошшои золим,
Ҷумла халқро хор кард.
Камбағалу деҳқонро,
Қашшоку абгор кард.

Ин қабил ашӯлаҳо рӯҳи революционии оммаи меҳнаткаши Туркистонро дар арафаи Революцияи Кабири Социалистии Октябрь инъикос мекунанд. Дар ин хел сурудҳои халқӣ мо осори он тағйироти муҳиммеро мушоҳида мекунем, ки дар ин давра дар шуури меҳнаткашони тоҷик ба вуҷуд омада ва минбаъд барои муборизаи қатъии онҳо бар зидди зулм омил мегардид.

Дар ашӯлаҳои пешазреволюционӣ бисёр ҳодисаҳои хоси зиндагии гузашта, ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва ҷамъиятӣ тасвир шуда, ҷиҳатҳои гуногуни муносибатҳои байни одамон, махсусан байни ҷавонон, фикру орзу, ҷаҳонбинӣ, тарзи зиндагӣ ва рӯҳияи онҳо инъикос ёфтааст.

Банду басти ашӯлаҳо. Ашӯлаҳо хурдтарин сурудҳои чормисраъгии халқӣ буда, аз байту рубоӣ бо кӯтоҳии мисраъҳои худ низ фарқ мекунанд. Мисраъҳои ашӯлаҳо асосан ҳафтҳиҷоӣ буда, танҳо баъзан аз панҷ-шаш ва ё ҳашт ҳиҷо иборат мешаванд.

Қофия дар ашӯлаҳо яке аз унсурҳои ҳамеша риояшаванда ба шумор равад ҳам, бисёр вақт он ниҳоят оддӣ буда, дар асоси феълҳо, бандакҷонишинҳои феълӣ ва ё дар натиҷаи дар интиҳои мисраъҳо ҳамоҳанг шудани садонокҳо ба амал меояд. Қофияҳои мукаммал дар ашӯлаҳо нисбатан кам дучор мешаванд, ки ин ҳодиса ба намуди ибтидоӣ ва соддатарини назм тааллуқ доштани ашӯлаҳоро бори дигар нишон медиҳад. Ҳар гуна ҳиссачаҳо, нидоҳо, суффиксҳо ва бандакҳо низ барои қофиябанд шудани мисраъҳои ашӯлаҳо хизмате доранд. Баъзан дар сари мисраъҳо омадани калимаҳои аз ҷиҳати талаффуз ҳам-оҳанг низ аломати қофия аст ва дар ин хел мавридҳо ашӯла хусусияти табиии худро ба хубӣ зоҳир мекунад, ки ин хусусият аз чӯр шудани садонокҳо ва ҳамсадоҳои тамоми мисраъҳо ибо-

1 Ошпичок — корди ош.
2 Қайно — падари домод.

пешина
аз 295
навбатӣ