Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

да, дар бораи қадру қимати худ бо овози баланд сухан меронанд:

«Дадо» гӯям, «ҳа» гӯед,
«Духтари дадо» гӯед.
Ман ба зӯрӣ намерам,
Хотиртона ҷамъ доред!

Тӯпи зардузим оқид,
Самарқанда сояшба,
Кони тилло тиядам,
Намерасам бояшба!

Ин ҳодиса, яқинан, ба хусусиятҳои хоси зиндагӣ вобастагӣ дошт. Чунон ки маълум аст, дар ноҳияҳои ба Россия ҳамроҳшудаи Осиёи Миёна, яъне дар маҳалҳое, ки ашулаҳо паҳн шудаанд, дар дохили режими феодалӣ муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷорӣ мешуд ва дар аввалҳои асри ХХ бо таъсири Россия дар ҳаёти мардуми ин маҳалҳо тағйироти муҳими иҷтимоӣ ба амал меомад, ки ин ба шуур ва худшиносии мардум, аз ҷумла ба занҳо, таъсири муайян боқӣ гузошта буд. Маҳз дар натиҷаи ин гуна пешравӣ дар ҷамъият муносибати занҳо ба вазъияти зиндагӣ ва ҳуқуқи худ тағйир ёфта метавонист.

Дар бисёри байту рубоиҳо, чунон ки гуфта шуд, фикри аз урфу одатҳо сар задаи одамон дар хусуси ишқбозиҳои ҷавонон ҳамчун афкори ҷамъиятӣ зикр мешавад, вале муносибати ҷавонон ба ин фикр пассив ва қисман итоаткорона аст. Дар ашулаҳо бошад, ин муносибат тамоман ранги дигар дорад:

Еракам гули гандум,
Гап зада гардад мардум,
Раҳамба тӯғрӣ бошам,
Номаъкул кардас мардум!

Тасвири ғам ҳам дар ашулаҳо баъзе хусусиятҳои хос дорад. Дар онҳо, дар баробари тасвири андӯҳи шахсӣ умуман ба шиканҷаи ғаму кулфат гирифтор будани мардум ва дидаи пурнам доштани онҳо қайд мегардад:

Осмунанда авр абошод,
Чола, борун аз гиҷо?!
Бандаҳунда ғам набошад,
Оби дида аз гиҷо?!

Ин хел ишора ба аҳволи омма як навъ зуҳуроти эътирози иҷтимоӣ буд. Ба замми ин, норозӣ аз режими ҷамъиятӣ ва ҷорикунандагони ин режим, ки боиси ба кулфату азоб гирифтор шудани оммаи васеи меҳнаткашон гардида буд, мавзӯи як силсила ашулаҳо қарор гирифтааст: Ин ашулаҳо одатан пур аз истеҳзо ва эътирозанд:

Мансурбойи беномус,
Ҳаққи ятима хӯрдаст.
Ҳовлиша буд накарда,
Худо задасу мурдаст.

Ашулаҳое низ дучор мешаванд, ки бар зидди шоҳи рус
гуфта шудаанд. Келини зулмдида хушдоманашро каттолтарин

пешина
аз 295
навбатӣ