Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар як гурӯҳ сурудҳо чизҳои нисбатан камарзиш мавзӯи мадҳу ситоиши махсус қарор гирифта, нобуд шудани онҳо ҳамчун фоҷиаи бузург қайд мешавад. Дар як ҷой «давоми ҷамъи дардҳо», бӯяш «аз бӯи мушку анбар» ва лаззаташ «аз ҷамеи чизҳо беҳтар» дониста шуда, марди мусулмонро ба андозаи имон азизу зарур будани он таъкид меёбад:
Лаззати чой аз ҷамеи чизҳо беҳтар бувад,
Куфр мегардад, агар гӯям, ки имон аст чой.
Нест андар табъи нозук ҳеҷ хуштар ғайр аз ин,
Зинату ҳамбазми ёрому рафиқон аст чой.
Оҳу афсӯсе, ки дар сурудҳои «Қиссаи ҷав» ва «Сабзак» ба сабаби нобуд шудани кишт ифода гардидааст, ҳолати соҳибони хару бузу мурғи талафшударо ба хотир меоварад. Дар «Қиссаи ҷав» бо сӯзу гудоз қайд мешавад, ки ҷав барин як чизи нозанини тоҷдору ҷодарбарсари мисли арӯсон шармгин талаф ёфтааст.
Чумчуке омад, нишаст ӯ дар бараш,
Хам шуду бигирифт аз тоҷи сараш.
Ҷодаре дорад ба сар он нозанин,
Аз ҳаё ҳамчу арӯси шармгин.
Ин чӣ оташ буд, ки он ҷонам бисӯхт,
Тухм сӯхту меҳнати говам бисӯхт.
Дар як қисми муҳими сурудҳо нисбат ба ҳазлу шӯхию бозӣ ҳаҷви тезу тунд ва писханду мазоҳи нешдор мавқеи бештаре ишғол карда, чӣ иллатҳои инсонӣ ва чӣ нуқсонҳои ногувор ва харобиовар дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳаҷву масхара мешавад. Ин сурудҳо фикру андешаи ашхоси ҷабру зарардидаро дар бораи иллатҳои одамон ва ҳаёту ҷамъият, кинаву адовати дилҳои озурдаро ифода мекунанд.
Аз рӯи маълумоти Н. Нурҷонов иҷрокунандагони бисёр сурудҳои ҳаҷвӣ масхарабозони халқӣ буда, як қисми ин сурудҳо дар иҷрои онҳо ба асарҳои пурэътирози фошкунанда табдил меёфтаанд. «Сурудҳои ҳазломез, — менависад ӯ, — дар саҳна иҷро карда мешаванд: иҷрокунанда нишаста, бо дутор месарояд ва бештар ба оҳангу мимика диққат медиҳад. Иҷрокунандаи суруди «Нолаи кампир аз дасти қозӣ» Тоҳир Мардонов аввал нақл мекунад, ки кампиреро шавҳараш мемирад. Ҳамсояаш, — қозӣ ҳила карда, ними боғи ӯро аз худ менамояд. Кампир аз тарси он, ки мабодо қозӣ боқимондаи боғашро ҳам нагирад, ҳар рӯз ба ӯ ду-сето тухм бурда медиҳад. Шабе мурғи ӯро рӯбоҳ мехӯрад. Кампир пасмондаҳои мурғро дида, гирыяву нола мекунад. Иҷрокунанда ба худ қиёфаи ғамангез гирифта, бо овози кампирона суруди пурандӯҳеро иҷро менамояд.
Дар суруд мавзӯи иҷтимоӣ — алами дили пиразани бенаво ва бераҳмии қозӣ ифода ёфтааст. Кампир нолакунон арз мекунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё