Нигоҳи чашму дил

Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст». Ин сухани пур аз эҳсоси ватандўстӣ дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз ба руҳу равони ҳар ҳамдиёри дур аз Ватан бетаъсир намонд. Баъд аз ин суханронӣ ва таҳияи силсилабарномаи «Хоки Ватан» гурўҳ-гурўҳ шаҳрвандон аз хориҷа, хусусан аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Покистон, Ўзбекистону Эрон ва Россия бармегаштанд.
Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил дар баробари даҳҳо журналистони ҷасоратманду воқеънигор Тоҳир Розиқов низ бо дарки баланди ватандўстӣ ба гўшаву канори вилояти Хатлон сафар намудаву аз вазъи бавуҷудомада мавод таҳия менамуд.
Азбаски ин журналист метод ва усулҳои ҷамъоварии иттилоотро хуб медонист, бо ҳар кадом силоҳбадасту оилаи ҷафодида мусоҳибаҳо ташкил намуда, дар асоси он мавод таҳия менамуд.
Баъзе маврид гузаронидани чунин суҳбатҳо, аз ҷумла бо силоҳбадастони ғайриқонунӣ, хатари рў ба рў шудан бо маргро дошт. Тоҳир Розиқов яке аз ин мусоҳибаҳои пурхатарро ба мо чунин нақл кард: «Ба ноҳияи Қубодиён сафар намудам. Дар ин ноҳия яке аз қумондонҳои ғайридавлатӣ Бахтиёр-командир буд, ки дар атрофи худ ҷавонони гумроҳро ҷамъ намудаву ба мардум ҷабру зулми зиёд мерасонид. Ҳар касе, ки барояш писанд намеомад, ўро ҷазо медод ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум менамуд, яъне мепаронд. Вақте ки ба корхонаи коркарди пахтаи ноҳия ворид шудам, дидан замон ў маро пурсид: “Ту кистӣ ва барои чи ин ҷо омадаӣ?”. “Ман журналисти радиои Тоҷикистон Тоҳир Розиқов ҳастам. Ман ба саволҳои зиёде оид ба қонуншиканиҳо дар ин минтақа ба назди Шумо омадам” – гуфтам ман. Пурсидам: “Оё дуруст аст, ки Бахтиёр даст ба қонуншиканӣ задаву инсонҳои зиёди бегуноҳро мекушад?” Ў гуфт: “Ин дар ҳаққи ман туҳмат ва дурўғ аст. Ман магар намехоҳам, ки фирориён баргарданд, Ватанамонро обод намоянд. Аммо баъзе нафарон ба мо зиёни зиёд расонидаанд, ман бо онҳо кор дорам”. Ҳарчанд ба ў фаҳмонидам, ки имрўз ҳукумати навтаъсис тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки ҳамаи фирориён ба Ватан баргашта, харобиҳоро барқарор созанд, аммо Шумо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё