Нигоҳи чашму дил

Аз ин рӯ, бе ягон дудилагӣ Рубан ӯро барои кору фаъолият дар Раёсати корҳои дохилаи вилояти Қӯрғонтеппа даъват намуд. Саидамири ҷавон аз бахту толеи худ хурсанд, ин пешниҳодро ба хубӣ пазируфт, зеро аз кӯдакӣ зиёд мехост корманди ҳифзи ҳуқуқ бошаду барои таъмини адолат ва ёриву кумак ба инсонҳои корафтодаву ҷафодида мадад расонад. Ҳамин суҳбат ва воқеа тақдири минбаъдаи ӯро дар ҳаёт ба куллӣ дигаргун намуда, роҳи наверо боз кард. Ӯ дар рафти қабул ба кор дар Раёсати корҳои дохила ба саволҳои ҳайати комиссия ва шахсони масъул ҷавобҳои қаноатбахш дода, онҳоро бовар кунонид, ки тамоми неруву дониши худро баҳри осудагии мардуми кишварамон сарф менамояд. Ва дар фаъолияти кории беш аз чилсолаи худ ба ин савганд содиқ монду рисолаташро бо сарбаландӣ дар назди халқу Ватан иҷро кард.
Тоҳир Розиқов, бародарзодаи Саидамир Розиқов борҳо ба ман ва дигарон изҳор доштааст, ки мо хешовандон бо кору фаъолияти ибратомӯзу меҳнатдӯстии генерал С. Розиқов ифтихор мекунем. Ӯ мегӯфд, ки: - С. Розиқов дар ҳақиқат ба хурду калон, хешу табор, ҳамсояву ҳамдеҳагон, кормандон ва ҳар фарде, ки медонистанд меҳрубону ғамгусор буданд. Дониши баланди сиёсӣ ва ҳарбӣ доштанд. Китобҳои зиёде мутолиа карда буданд. Дар ҳар мавзуе, ки суҳбат дар атрофи он мерафт, ҳатман порчаеро аз бузургон ёдовар мешуданд, ки аз он шунаванда баҳраи зиёди маънавӣ мегирифтанд. Ифтихори хонадонамон буд, ҳаст ва мемонад.
Қайд намудан зарур аст, ки соли 1980 Саидамир Розиқовро ба Ҷумҳурии Афғонистон фиристоданд. Дар ҷараёни фаъолияти ҳарбӣ ӯ баҳри таъмини сулҳу субот дар ин мамлакат аз худ қаҳрамониву матонати зиёд нишон дода, бо яқ қатор ордоне ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардид.
Саидамир Розиқов то соли 1992 дар Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарии ин ниҳоди қудратӣ фаъолият намуда, то ба рутбаи полковники милитсияи Иттиҳоди Шӯравӣ расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё