Нигоҳи чашму дил

Аз ин кори устод ҳамагон қаноатмандему шод ҳастем, чунки дар кушодани бисёр масъалаҳои илми забоншиносӣ ба мо, ҷавонон, мусоидат мекунад. Устод Ҷаббор Саидов бо шогирдону ҳамкорон бисёр меҳрубону ғамхор ва дилсўз мебошанд».
Дар ҳақиқат, омӯзгорӣ касби боифтихор, муқаддас ва ниҳоят сангин аст. На ҳама кас аз уҳдаи ин пеша баромада метавонад. Мартабаи устодро Камолиддини Биноӣ хеле хуб шарҳ додааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст.
Ҳоло шогирдони устод Ҷаббор Саидов дар тамоми соҳаҳо фаъолият дошта, дар рушду инкишофи давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, тарбияи наврасону ҷавонон, тайёр намудани мутахассисон ҳисса гузошта истодаанд. Устод Ҷаббор Саидов ба омӯзиши таърихи забони форсу тоҷик ва осори арзишманди нобиғагони илму фарҳанг машғул буда, дар ин ҷода корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла мақолаҳои илмию методӣ ва публитсистии устод дар мавзуъҳои қисмати илми забоншиносӣ дар маҷмуаҳои дастҷамъонаи устодони донишгоҳу факултет «Қанди порсӣ», «Чанд гавҳар аз ганҷи порсӣ», «Садафи илм», «Сафинаи илм» ва ғайра ба табъ расидаанд, ки қимату арзиши баланд доранд. Ў соҳиби маҷмуае бо номи «Дар баҳори орзуҳо» мебошад, ки дар онҳо мақолаҳои илмӣ-методӣ, ҳикоя ва шеъру тарона ҷойгоҳи хосса дорад. Рисолаи номзадии устод дар мавзуи «Лексикаи лаҳҷаи Муъминобод» таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон Исмоилов Шамсулло таҳия ва бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади имлҳои филологӣ гардидаанд.
Кори пажўҳишнамудаи мавсуф дар илми забоншиносӣ арзиши баландро касб намуда, дар оянда он чун дастури илмӣ-методӣ дар таълими фанни забони тоҷикӣ омўзонида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё