Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Истеъдоди баланди фитрии И. Икромовро устодон, бахусус Ш. Ҳусейнзода ва Р. Ҳодизода дарк намуда, ӯро барои таҳқиқи масоили адабиётшиносӣ роҳнамоӣ менамоянд. Бо кумаки устодони соҳибном И. Икромов ба таҳқиқи мавзуи “Абулфараҷи Рунӣ ва баъзе масъалаҳои сабки ироқӣ дар таърихи адабиёти тоҷик” машғул гардида, дар муддати кӯтоҳ рисолаи номзадии худро ба итмом мерасонад. Оид ба “Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида” низ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. И. Икромов муаллифи як қатор китобу рисолаҳо, мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, аз ҷумла “Абулфараҷи Рунӣ ва баъзе масъалаҳои сабки ироқӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик” (Душанбе: Ирфон, 1991), “Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида (Душанбе: Ирфон, 1992), “Масъалаҳои филологияи тоҷик” (Маҷмуаи мақолаҳо: бо ҳаммуаллифии М. Раҳмонов., А. Алиев, Кӯлоб: Сада, 1995), “Одина Ҳошим” (Душанбе: Кишоварз, 2001), “Ганҷҳои нуҳуфта” (Душанбе: Кишоварз, 2006), “Зеҳнпораҳо” (Душанбе: Кишоварз, 2007), “Шоирони Роғи охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX тоҷик” (Душанбе: Афсона, 2008), “Бародарони ормонии ман” (Рӯзномаи “Насими Терай”, 2016), “Аз хушгӯиҳои мардуми Роғ” (Душанбе: Кишоварз, 2009), “Мирзо Қадам. Девон. (Бо муқаддима ва тасҳеҳи профессор И. Икромов., Душанбе:
Кишоварз, 2009), “Мирзо Қадам. Қасас-ул-анбиё. (Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор профессор И. Икромов, Душанбе:
Кишоварз, 2010), “Мухтасари саргузашти худам” (Бохтар, 2022) ва ғайра мебошанд. Зимни суҳбат яке аз шогирдони устод номзади илмҳои филологӣ Муҳаббат Маҳмадалиева чунин гуфтанд: “Аз ҷумлаи чунин мардони хирад устоди донишманд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Искандар Икромов мебошад, ки туфайли ранҷҳои зиёд ба қуллаи мақсуд расида, имрӯзҳо яке аз чеҳраҳои тобноки илму маорифи кишвар гаштаанд.

пешина
аз 194
навбатӣ