Нигоҳи чашму дил

Боре воқеае дар ҳаёташ рух дод, ки дар хотираш абадӣ нақш баст. Дар як рўзи сахти сармои зимистон барои пайдо намудани қутти лоямут ба назди чойхонаи деҳа омад. Чанд рўз мешуд, ки аз набудани нон ва хўрок шиками додару хоҳаракашро бо себи қоқу алафҳои кӯҳии дар баҳор чидаву хушккардааш сер менамуд. Он рўз ягон нафар аз хунукии зиёд ба берун намебаромад. Ин тараф нигоҳ мекарду он тараф шояд касеро мебинаду аз он пораи ноне ё чизи дигаре гирифта, ба додару хоҳаронаш мерасонад. Хеле дар берун интизор шуд, аммо дар назар касе наменамуд. Ноумед ба сўи хона чанд қадам монда буд, ки садои амаки Нурмуҳаммадро шунид:
- Раҳимҷон, чаро дар ин фасли сармою хунукии шадид дар назди чойхона истодаӣ? Магар, намедонӣ, ки даҳ рўз мешавад, ин чойхона баста шудааст?
Раҳим бо сари хам ба амаки Нурмуҳаммад имдодталабона гуфт: - Падарам бист рўз мешавад аз хона бадар рафтааст.
Нигоҳубини додару хоҳараконам ба зиммаи ман афтодааст. Дар хона чизе нест, ки истеъмол кунем.
Амаки Нурмуҳаммад баъди каме андеша гуфт: - Додару хоҳаратро ба хонаи мо биёр, зимистонро он ҷо мегузаронед.
Ҳамон сол онҳо дар хонаи амаки Нурмуҳаммад зимистонро сипарӣ намуданд. Вақти оғози баҳор ва кишту кор, ки фаро расид, Раҳим дар назди ҳавлии хонаашон сабзавоту полезӣ парвариш намуда, зиндагии хонадонро пеш бурд. Чанд сол мешавад, ки боз бо кумаки бевоситаи амаки Нурмуҳаммад дар корхонаи истеҳсолии дару тирезаҳо меҳнат менамояд. Хуб аст, ки дар дунё чунин инсонҳо ҳастанд. Ҳоло бародараш дар курси панҷуми яке аз донишгоҳҳои олии кишвар ва хоҳараш бошад дар коллеҷи тибии ноҳия дар курси дуюм таҳсил доранд. Раҳим оиладор ва соҳиби фарзандону зиндагии орому осуда мебошад.
Ҳамеша ба корафтодае дасти кумак дароз менамояду ёрӣ мерасонад, зеро медонад, ки некӣ ҳамеша ҷовидон аст ва накукор бошад сарфарозу саодатманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё