Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба таъкиди устод мутолиаи амиқи китоби мазкур моро бо асли худ мепайвандад ва дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллии ҳар фард замина мегузорад. Шинохти асолати таърихӣ ва ифтихор доштан аз сарзамини аҷдодӣ ба ҳувияти миллии ҳар фард таъсири мусбат мерасонад.
Умуман, осори илмӣ, публитсистӣ ва журналистии устод Зафар Мирзоён ҳамчун сарчашмаи худшиносиву таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ барои сокинони кишвар, аз ҷумла наврасону ҷавонон таъсири мусбат мерасонад.
ТАҲЛИЛИ МАВЗУӢ ВА МУНДАРИҶАВИИ
ПУБЛИТСИСТИКАИ ҶАМОЛИДДИН САЙФИДДИН
Солҳои охир муҳаққиқони ватанӣ ба навиштаву осори адибону публитсистон ва журналистон таваҷҷуҳ намуда, мақола, рисола ва китобҳои арзишманди илмӣ-таҳқиқотӣ таълиф намудаанд, ки имрӯз мавриди истифодаи васеъ қарор доранд.
Зиёд гардидани таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон ба осори публитсистӣ ба чанд омил вобастагӣ дорад. Аввалан, осори публитсистӣ воқеияти давраҳои ҳаёти инсониро фарогир буда, барои мушаххассозиву барқарории ҳофизаи таърихӣ мусоидат мекунад. Ҷанбаи дигари публитсистика он аст, ки барои ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифати рӯйдоду зуҳуроти иҷтимоӣ ёрии амалӣ мерасонад. Ҳамчунин аз нигоштаҳои публитсистон метавон ба рӯзгор, шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву адабӣ, анъанаву суннатҳои ниёгон, расму оинҳои миллӣ ва дигар ҳодисаҳо маълумоти васеъ гирифт.
Муҳаққиқи публитсистикаи тоҷик, профессор Муродӣ Мурод дар ин хусус бамаврид қайд намудаанд, ки: “Осори публитсистии равшанфикрон, ки дар давраҳои гуногуни инкишофи матбуоти даврии тоҷик, ҳамчунин дар шакли асарҳои алоҳида интишор шудааст, вижагиҳои умумӣ ва хосса дорад.
Хусусияти умумӣ он аст, ки дар ҳамаи онҳо таъсири ғояи замон, аҳдофи иҷтимоии публитсистика эҳсос мешавад, аммо, бо вуҷуди ин, дар чунин осор фарқи зиёдеро метавон ошкор намуд.
Интихоби мавзуъ, жанр, муносибат ба он, дараҷаи маърифат, тарзи андешаронӣ, сатҳи баррасӣ, равзанаи нишон додани роҳу усулҳои қазияҳо ва амсоли ин аз авомили фарқсози публитсистикаи давру замони гуногун аст”. Дарвоқеъ, маҳз тавассути нигоштаҳои публитсистон мо бо оламу одам сарфаҳм рафта, моҳияти асрори ҳастӣ, рисолати инсонӣ ва омилҳои бавуҷудоии ҳодисаву равандҳои иҷтимоиро маърифат ва мувофиқ ба он муносибат мекунем. Ба таъкиди Н. Бозоров, “Публитсистика аслиҳаи тавонои муборизаҳои ғоявӣ, воситаи тарбияи ҷамъиятӣ, ташвиқот ва тарғибот, тарзи ташкил ва нақли ахбори иҷтимоӣ мебошад”.

пешина
аз 194
навбатӣ