Нигоҳи чашму дил

Мавсуф то ҳол дар мавриди иштирок дар чорабиниҳои фарҳангиву адабии «Бўстон» ва «Ғунчаҳои санъат»
хотираҳои хуб дорад ва ташкили чунин чорабиниҳоро барои дарёфти истеъдодҳои нави эҷодӣ ва ҳунарӣ муҳим медонад.
Ҳамин омилҳои таъсигузор ва дилбастагӣ ба санъати сарояндагӣ буд, ки Мурод Одинаро ба ин ҷода роҳнамоӣ кард.
Мурод Одина баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ пеши худ мақсад гузошт, ки аввал хизмати Модар- Ватанро бо сарбаландӣ адо намуда, барои такмили маҳорату малакаи ҳунариаш саъю талоши бештар меварзад. Ин масъулиятшиносиву ватандўстӣ буд, ки ў дар солҳои 1986-1988 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба Ҷумҳурии Украина сафарбар гардида, хизмати фарзандии худро дар шаҳри Одесса бо сари баланд адо намуд. Ў иброз дошт, ки дар ҷараёни адои хизмат низ ҳунару малакаи сарояндагиаш аз чашми дигарон, хосса роҳбарон пинҳон намонд. Дар ин давра баҳри таҳкими эҳсоси ватандўстӣ ва хештаншиносии ҷавонону сарбозон нишастҳои фарҳангӣ ташкил мешуд ва дар ин гуна чорабиниҳо ў суруду таронаҳо қироат менамуд.
Қайд намудан зарур аст, ки маҳз устод ва ҳунарманди асил метавонад дар замири насли наврасу ҷавон донаи меҳру садоқати санъату фарҳангро ҷойгир кунад. Ҳамин рисолатро ҳунарманди хушсавқу хушсадо Мурод Одина бештар дарк намуда, кўшиш менамуд, ки нозукиҳои ин навъи илму ҳунарро ба насли ояндасози ҷомеа омўзонад. Ў аз соли 1989 то ба ҳол дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами №31-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба наврасону ҷавонон аз фанни суруд ва мусиқӣ дарс мегўяд. Дар ҷараёни таълиму омўзиши ҳунари сарояндагиву навозандагӣ кўшиш менамояд, ки тамоми нозукиҳои ин ҳунарро ба наврасону ҷавонон таълим диҳад.
Мурод Одина борҳо аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ, шуъбаи маориф ва фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва дигар муассисаву идораҳо бо “Ифихорнома”-ву “Сипоснома”-ҳо қадрдонӣ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё