Нигоҳи чашму дил

Убайди Зокониро дар таърихи адабиёту публитсистикаи классикии тоҷику форс ҳамчун поягузори равияи нави эҷоди ҳаҷв мешиносанду ба осораш муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ баҳои баланд додаанд. Умуман, дар ҳама давра ва марҳалаҳои таърихӣ адибону публитсистони тоҷику форс асарҳои зиёди ҳаҷвӣ офарида, ба ин васила камбудиҳои ҷомеаву ашхоси алоҳидаро мазаммат намуда, пуштибони адолат будаанд.
Дар таърихи адабиёт ва публитсистикаи муосири тоҷик як зумра адибон, аз ҷумла устодон Садриддин Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода, Сайидалӣ Вализода, Ҳоҷӣ Содиқ, Бурҳон Ғанӣ, Ашур Сафар, Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, Ғафур Мулло, Мирзо Файзалӣ, Наҷмиддини Шоҳинбод, Ғаффоралӣ Сафар, Абдурауф Муродӣ, Гурез Сафар, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, Сайҷаъфар Баёзӣ, Қосимҷон Зарифӣ ва чанде дигарон бо асару нигоштаҳои ҳаҷвии худ дар ҷомеа мақоми хоссаеро соҳиб шудаанд. Роҷеъ ба осори ҳаҷвии ин адибон то андозае аз ҷониби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ рисолаву мақолаҳои алоҳида таълиф шудаанд, аммо вижагиҳои услубӣ ва жанрии ҳаҷвиёти Ғаффоралӣ Сафар аз назари пажӯҳандагон дур мондааст. Устод Ғаффоралӣ Сафар дар эҷоди асарҳои ҳаҷвӣ услуби махсусеро соҳиб будаанд.
Муассириву ҷолибии нигоштаҳои устод аз маҳорат ва завқи баланди эҷодияш дарак медиҳад. То имрӯз маҷмуаҳои адиб таҳти унвонҳои «Намаксанг», «Роҳдавак», «Муборакбодӣ», «Кокули зимистон», «Мутоиботи удабо» ва «Панҷаи овоз» ба нашр расидаанд, ки дар ин миён асари «Мутоиботи удабо»
пурра хусусияти ҳаҷвӣ ва танзу мазамматро дорад.
Дар ин асар латифаҳои ҷолиб аз ҳаёти аҳли эҷод ва дигар намояндагони касбу кори гуногун гирдоварӣ шудаанд. Дар китоби ҳаҷвии мазкур қариб тамоми мавзуоти ба ҳаёти иҷтимоӣ рабтдошта, бахусус камбудиҳои иҷтимоӣ, мавриди мазаммату тамасхур қарор гирифта, ин мазомин дар қолаби жанри латифаҳои адабӣ ва публитсистӣ эҷод шудаанд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар осори эҷодии адиби соҳибистеъдод Ғаффоралӣ Сафар ҳаҷв ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ тавассути ҳаҷву мутоибот камбудиҳои ашхоси алоҳида ва ҷомеаро дар баробари таҷассум, танқиду мазаммат намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё