Нигоҳи чашму дил

То имрўз маҷмуаҳои адиб таҳти унвони “Намаксанг”, “Роҳдавак”, “Муборакбодӣ”, “Офтобаки қолинбоф”, “Кокули зимистон”, “Аз мутоиботи удабо”, “Панҷаи овоз” ва ғайра рўйи нашр омадаанд, ки ҳаводорони зиёде доранд. Баъзе манзумаву шеърҳои Ғаффоралӣ Сафар дар китобҳои дарсии мактабӣ низ ҷой дода шудаанд. Дар ин ҷодаи эҷоди шеър шахси ҷўяндаву навовар буд ва қадамҳои устувор дошт.
4. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ. Ҳанўз аз давраи донишҷўӣ таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ мавриди таваҷҷуҳи Ғаффоралӣ Сафар қарор дошт.
Ў дар ин самтҳо мақолаҳои зиёд ва маводи илмӣ-таҳқиқотӣ интишор намудааст. Маҷмуаи мақолаҳои илмии устод бо унвони “Уруҷи сухан” ба нашр расидааст. Инчунин мақолаҳои илмии устод дар маҷаллаҳои илмӣ ва маводи конференсияҳои илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп шудаанд. Бо итмонони комил метавон гуфт, ки дар оянда аз ҷониби муҳаққиқон ба паҳлуҳои мазкури фаъолияти эҷодии устод таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад гардид, зеро рўзгор ва фаъолияти гуногунсамти устод Ғаффоралӣ Сафар боиси омўзишу пайравии наврасону ҷавонони имрўзу фардо мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё