Нигоҳи чашму дил

- Дар баробари муҳаққиқони касбӣ як зумра ҳамқаламони Озар, яъне аҳли адаб низ оид ба эҷодиёти ӯ фикру андешаҳои ҷолибе баён кардаанд. Ба ин гурӯҳ метавон мақолаи Шоирони халқии Тоҷикистон, барандагони ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ, устодон Гулрухсор ва Камол Насрулло, инчунин навиштаи Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродиро дохил намуд. Устод Камол Насрулло дар баробари он ки батакрор дар чанд навиштаи худ аз шеъри Озар ёд кардааст, таҳти унвони «Шеър дар мадрасаи сабзи чаман»
мақолаи алоҳида ва густардае низ дар бораи мушаххасоти шеъри Озар навиштааст, ки дар нашрияи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №32 соли 2013 ба нашр расидааст. Устод Гулрухсор дар пешгуфтори китоби «Ирфони ҳино»-и маҷмуаи шеърҳои Озар бо унвони «Паёми Озар» бардоштҳои худро аз ашъори Озар баён кардааст, ки мазмуни ин навишта аз таваҷҷуҳи хоссаи устод ба шеъри Озар дарак медиҳад. Навиштаи шоир Фирдавси Аъзам низ таҳти номи «Марди ғазал – Озар» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №35, соли 2015 ба нашр расидааст, ки низ мундариҷаи он аз исботи ҳунари волои шоирии Озар иборат аст. - Як зумра рӯзноманигорони соҳибқалам низ оид ба фаъолияти шоирӣ ва ҷамъиятии Озар изҳори назар кардаанд. Ба ин гурӯҳ метавон мақолаи рӯзноманигор Шералӣ Саидро бо унвони «Шеър фарёди хамӯшист», навиштаи Зокири Ҳасанро бо номи «Сайре дар дунёи шеъри Озар» ва мақолаи Маҳмадалӣ Акрамовро бо унвони «Озарро модар маъруф кард» дохил намуд.
Тавре ба намояндагони илму эҷод ва дӯстдорони адабиёти бадеӣ маълум аст, устод Озар аз ҷумлаи шоирони соҳибистеъдоду рангинхаёли адабиёти муосири тоҷик аст, ки шеъраш ба қалбҳо сафо ва ба дидаҳо нур меорад. Калому тасвирҳои шоиронаи Озар аз истеъдоди баланди эҷодии ӯ дарак медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё