Нигоҳи чашму дил

Умуман, дар манзумаи “Достони Пешво”-и Муҳаммад Ғоиб фаъолияту талошҳои ватандӯстонаву самаровари Асогузори сулҳу вадати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври воқеӣ ва муассир ифода ёфтаанд, ки онҳо ба руҳияи хонанда таъсири амиқ мерасонанд. Тасвири чунин корнамоиҳо ба руҳияи насли наврасу ҷавони кишварамон таъсири мусбат расонида, онҳоро барои иҷрои қарзи фарзандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа роҳнамоӣ мекунад.
СИМОИ ШОИР ДАР ОЙИНАИ НАҚДИ АДАБӢ
Чунин ба назар мерасад, ки қисмат барои ҷуброн намудани ранҷҳои ба сари миллати тоҷик оварда барояш истеъдодҳои хоси адабиро туҳфа намудааст. Шоири халқии Тоҷикистон Салимиён Озар аз ҷумлаи суханварони соҳибном мебошад, ки парваридаи даврони Истиқлол ба шумор меравад. Дар бораи рӯзгор ва фаъолияти эҷодии Озар як зумра муҳаққиқону адибон ва рӯзноманигорони кишвар мақола ва таассуроти худро ба нашр расонидаанд, ки онҳо хусусияти илмӣ ва маърифатӣ доранд. Мутолиаи амиқи чунин навиштаҳо имкон фароҳам меорад, ки мо бо фаъолияти эҷодӣ ва вижагиҳои осори манзуми шоири соҳибистеъдод Озар бештар ошноӣ пайдо намоем.
Навиштаҳои муаллифонро шартан метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард:
- Навиштаҳои муҳаққиқону мунаққидони касбӣ, ки ба фаъолияти эҷодии Озар аз нигоҳи нақди адабӣ ва бо истифодаи роҳу усулҳои адабиётшиносӣ баҳо додаанд. Ба ин гурӯҳ метавон мақолаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Тағоймуродов Рустамро зери унвони «Шеър ва асолати он» (Паёми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, №2 (32), соли 2015), мақолаи Муҳаммадалии Аҷамиро таҳти унвони «Сурати танҳоии як шоир» (дар китоби «Тафаккур ва ҳис дар шеър», Душанбе: Адиб, 2008), навиштаи Мубашшири Акбарзодро, таҳти унвони «Шоири шеъри худ» (ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №22, соли 2015), мақолаи номзади илмҳои филологӣ, шоир Сурайё Ҳакимоваро таҳти унвони «Халқ рӯзе мешиносад байти девони маро» (ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №30 соли 2015), якчанд мақолаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дотсент Аҳмадов Сафармадро, ки бо номҳои «Ватандорӣ аз нигоҳи Озар», «Мавзуи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар қасоиди Озар», «Ҳузури Мавлоно дар шеъри Озар», «Мавзуи ватан дар шеъри Озар», «Манобеи мазмунсозӣ ва ҳунари тасвирпардозии Озар дар жанри рубоӣ», «Ҳузури Рустами Фирдавсӣ дар ашъори Озар» дар нашрияҳои гуногуни илмӣ ба нашр расидаанд, дохил намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё