Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз ин аз боби Роғун гап равад,
Дар раҳу дар раставу дар анҷуман.

Навҷавон гўяд: - Ба Роғун меравам, Дав-давон гўяд ба Роғун меравам.
Пири аз по монда ҳам дар ин хаёл, Нотавон гўяд ба Роғун меравам...
Боиси зикр аст, ки халқи тоҷик аз қадим дорои таърихи бою ғанӣ, фарҳанги оламшумул ва пайвангару тарғибгари дӯстиву рафоқат буда, ҳамчун миллати ориёии сулҳпарвару ваҳдатгаро аз ҷониби дигар миллатҳо пазируфта шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи он дар марҳалаҳои ҳассос ҳамеша Ватанро аз ғосибон ҳифз намуда, дар таъмини сулҳу ваҳдат ҷоннисориву қаҳрамонӣ кардаанд.
Шуҷоатмандиву далерии миллати тоҷик дар асарҳои таърихӣ ва достону манзумаҳои сиёсатмадорону адибони ватаниву хориҷӣ таҷассум ёфтаанд.
Миллати ориёӣ, ки асосан ба халқи тоҷик нисбат медиҳанд, ҳамчун мардуми сарафрозу ватандӯст ифода ёфтаанд. Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату мулоқот ва баромадҳои худ аз хислати мардуми ориёӣ ёдовар шуда, моро барои омӯхтани таъриху фарҳанги пурғановатамон роҳнамоӣ мекунанд. Муҳаммад Ғойиб дар “Достони Пешво” ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намуда, он ҳамаро дар шеъри “Ориёӣ” басо воқеӣ ва дилнишин ба қалам додааст:
Гарди Ватан ба хирмани гавҳар намедиҳам, Реги раҳи диёр ба мармар намедиҳам.
Як зарра нангро ба ҳама зар намедиҳам, Дунёи нангу ор манам, ориёиям

Ман ориёиям, асари сарбаландиям,
Осудагии ман бувад аз бегазандиям.
Ман мардумам ба дида зи мардумписандиям,
Дунёи нангу ор манам, орияиям…

пешина
аз 194
навбатӣ