Нигоҳи чашму дил

ТАСВИРИ КОРНАМОИҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР
«ДОСТОНИ ПЕШВО»-И МУҲАММАД ҒОИБ
Заҳмату талошҳои хастагинопазир, корномаву ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осори адибон ба таври густарда таҷассум ёфта, барои насли наврасу ҷавони Меҳан боиси омӯзишу пайравӣ мебошад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омадан ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсӣ аз худ қаҳрамонии зиёд нишон дода, дар лаҳзаҳои мушкилу ҳассос барои халқу миллати тоҷик аз роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид дурусту саривақтӣ истифода намуданд. Маҳз бо худгузаштанҳо Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо ҷониби мухолифин дар вазъияти хавфнок ба ҷон қарордоду санадҳои оташбастро ба имзо расониданд, ки чунин амалро на ҳамаи сиёсатмадорону роҳбарон иҷро карда метавонанд.
Азму иродаи қавӣ, донишу ҷаҳонбинии фарох, ватандӯстиву хештаншиносии Сарвари давлатамон буд, ки ҳамаи он монеаҳои бавуҷудомадаро маҳз дар такя бо Халқ бартараф намуда, чунин фазои осоиштаро барои ҳар фарди ҷомеа таъмин намуданд.
Адибону публитсистон, журналистону ҳунармандон ва мардуми азизамон азму талошҳои бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони дунё, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар осору зеҳни худ ҷой намуда, онро бо муҳаббати хосса ифода кардаанд. Яке аз адибони ваҳдатсаро, ки дарунмояи осори ӯро раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати суботкоронаи мардуми шарафманди кишвар, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад, Муҳаммад Ғоиб мебошад.
Адиб қариб дар тамоми маҷмуҳои шеърии худ, аз ҷумла “Фарёди ёдҳо” (1998), “Поси ошноӣ” (2008), “Ифтихор” (2011), “Достони Пешво” (2018) ва ғайра инсонҳоро ба дӯстиву рафоқат, эҳтирому муҳаббат, дӯстдории марзу буми Ватан даъват намуда, дар ин масир кору фаъолияти Сарвари давлатамонро намунаи ибрати дигарон ба қалам медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё