Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Русия Анатолий Игоревич Савич, сардори раёсати лоиҳавӣ Рустам Ҳусайнов, директори техникии ҶСНК «РОҒУНГЭССТРОЙ»
Мурод Саъдуллоев, сардори сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовини Директори пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷӣ Пулод Ясунов, корманди гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ Илҳом Асоев ва чанде дигарон мебошанд, ки дар очеркҳои «Садди сойи Оби Шӯр», «Оташи қалби инсон», «Роҳи «Нурафшон», «Оғози сохтмонро дӯст дорам», «Бригадаи аввалини нақбканон» ва «Пирӯзии муҳандиси тоҷик» бо ҳақиқатнигорӣ таҷассум ёфтааст.
Публитсист Б. Муртазо дар тасвири фаъолияти қаҳрамонҳо, пеш аз ҳама, воқеияти иҷтимоиро ба эътибор гирифтааст. Образҳои мазкур воқеӣ буда, дар макону замони муайян фаъолият намудаанд. «Образи публитсистию бадеӣ, – менависад профессор Муродӣ М., – аз образи сирф бадеӣ аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Аввалан, образи публитсистӣ дар муқоиса ба образи бадеӣ тамоман бофтаи хаёлии нигоранда набуда, он дар доираи вақт ва фазои муайян сохта мешавад. Баъдан, дар образи публитсистӣ мавқеи муаллиф фаҳмо ва муайян аст». Чунин равиши тасвиргароӣ дар баробари таъмини воқеият, хонандаро бо санаду далелҳои муҳим шинос намуда, ӯро чун шахси фаъол ба таҳрик меорад.
Дар очеркҳои дигари маҷмуаи мазкур, аз ҷумла «Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ», «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ», «Вассофи сарзамини барӯманд ва одамони сарбаланд» ва «Ҷавҳари ашъори устод Лоиқ» хонанда бо чеҳраҳои маъруфи илму адаб ва эҷоди кишварамон шинос мешавад. Очеркҳои мазкур фарогири саҳнаҳои ҷолибу муассир буда, хонандаро бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ шинос мекунанд, ки онҳо аз ҷониби адиб ва публитсисти воқеънигор Б. Муртазо бо маҳорати баланд эҷод гаштаанд. Ба таъбири муҳаққиқ А. Саъдуллоев, «Фаъолмандии иҷтимоии нависанда ба қаробати наздики ӯ бо ҳаёт, широкат дар ҳаллу фасли муаммоҳои рӯзгор, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти рухдодҳои тезгузар ва натиҷа гирифта тавонистан аз печидагиҳои иҷтимоию сиёсӣ вобаста аст».

пешина
аз 194
навбатӣ