Нигоҳи чашму дил

Тавре публитсист дар ин очерк қайд мекунад: «Сарвари давлат бо ғаюрӣ ва ҷасорати хоси худашон сохтмони нақби Анзобро ҳамагӣ ду сол баъди ба имзо расидани санади сулҳи тоҷикон шуруъ карданд. Дар он айём ҳанӯз иқтисоди ҷумҳурӣ ҳоли заифе дошт. Васоити техникии аз замони Шуравӣ меросмонда чандон муқтадир набуданд, нақбканон маошашонро мунтазам намегирифтанд. Вале онҳо ҳам аз самти шимол, ҳам аз самти ҷануби нақб Президенти ҷавони ҷасури мамлакатро дар паҳлуяшон дида, бо ҷӯшу ғайрати бесобиқа заҳмати зиёд мекашиданд, то Ватани азизамон обод бошад. Нақбканон бо дидани Сардори давлат ба ояндаи нек дилпур буданд». Дараҷаи тасвири воқеияти иҷтимоӣ аз сатҳи маърифат, завқу салиқа, усул ва тахайюли публитсист вобастагии зиёд дорад, ки ба ин ҷиҳат Б. Муртазо эътибори хосса зоҳир кардааст.
Дар очерки «Оғози барномаи давлатдорӣ» публитсист Б.
Муртазо хонандаро бо нақшаву барномаҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асоси онро таъмини сулҳу ваҳдат, барқарор намудани харобаҳои ҷанг, ҳарчи тезтар баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар ва дар ин ҷода беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии зиндагии мардум мебошад, шинос менамояд, ки он дар заминаи воқеияти иҷтимоӣ ифода ёфтааст. Як бахши дигари маҷмуаи «Нурофарин»-ро кӯшишу заҳмати шахсони касбу кори гуногун, аз ҷумла Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Сафарзода Хайрулло Амиралӣ, роҳбари кулли сохтмони неругоҳ Савченков Николай Григоревич, бетонрез Намоз Куганов, директори техникии ҷамъият Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода, сармуҳандиси лоиҳаи Неругоҳи Роғун Валентин Дмитрович Новоженин, сармуҳандиси лоиҳаи кории Неругоҳи Роғун Руслан Шокиров, саргеолог Александр Василевич Коров, директори Маркази тадқиқи гидродинамикии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё